Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

оҳаниндошта созмон диҳад. Моҳи сентябри соли 1776 англисҳо дар соҳили ҷанубӣ лашкар фароварда, ба амрикоиҳо якчанд зарбаи таъсирбахш заданд. Англисҳо бо шукӯҳу шаҳомат вориди Ню-Йорк шуданд. Дар баландии Гарлем бошад, Вашингтон бо қаҳру ғазаб мегуфт: «Ва бо инҳо ман бояд Амрикоро ҳимоят намоям! О, Парвардигори аъзам, ин чӣ артишест!».

Вашингтон навишта буд: «Як андоза ҳам ба лашкари халқӣ умед бастан, худ хандаовар аст. Одамоне, ки аз шириниҳои ҳаёт канда шудаанду ба садои яроқ одат накардаанд ва аз корҳои ҳарбӣ фарсахҳо дуранд, ҳангоми бархӯрд бо артиши саропо мусаллаҳи машқдида ба воҳима афтода, ҳатто тайёранд аз сояи худ тарсида гурезанд».

Вашингтон талаб намуд, ки артиш аз ҳисоби муборизони роҳи озодӣ, ки пас аз як соли хизмати ҳарбӣ роҳи хонаашонро пеш мегиранд, ташкил наёбад. Баракс аскарони машқдидаи касбии боинтизом бояд асоси артиш бошанд.

Вакилони конгресс моҳияти талаби Вашингтонро дарк сохта, ба ташкил додани артиш дар ҳайати 88 полк ва таъминоти он дар тӯли ҷанг қарор ба тасвиб расонданд. Дар ин ҳангом 1 январи соли 1777 наздик меомад. Бояд қариб ҳамаи аскарони артиши Вашингтон хона ба хона тақсим мешуд. Вале генерал дар мавзеи Трентон ба англисҳо зарба задан хост. Албатта, мухолифон ҳеҷ гоҳ интизор набуданд, ки «артиши ба марг маҳкумгашта» қобилияти ҳуҷум кардан меёбад. Ва сахт хато хӯрданду ба шикаст мувоҷеҳ гаштанд. Боз як шикасти англисҳо дар назди Пристон ба вуқӯъ пайваст. Баъди чунин ғалабаҳои пайиҳам Вашингтонро ба сони Сезари нав ҳамду сано мехонданд.

Соли 1777 фаронсавиҳо ба ёрии амрикоиҳо киштиҳои ҷангӣ
фиристоданд. Аммо ҷанг кашол меёфт. Соли 1781 аз дарбори
Людовики XVI полковник Д. Лоренс, шогирди Вашингтон, ёрии
пулӣ гирифт. Аввалҳои моҳи сентябр артиши 14-ҳазорнафараи
амрикоиҳою фаронсавиҳо бар зидди англисҳо ҳуҷумро қувват
бахшид. 19 октябри соли 1781 генерали англис Корнуэлис яроқро

пешина
аз 424
навбатӣ