Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ба замин гузошт. Соли 1783 дар Париж шартномаи сулҳ ба имзо расид ва Иёлоти Муттаҳида истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Соли 1789 Ҷорҷ Вашингтон якдилона президенти ИМА интихоб шуд. 30 апрел рӯзи нахустини фаъолияти президентиаш буд. Соли 1792 бори дуюм президент интихоб гардид. Аммо бори сеюм номзадиашро ба интихоботи президентӣ гузоштан нахост, шахсан даст кашид.

Солҳои охири умри Ҷорҷ Вашингтон дар Маунт-Вернон сипарӣ шуданд. Вақте ки тирамоҳи соли 1798 муносибати Франция бо Амрико тезутунд гашт, собиқ президент, генерал-лейтенант Ҷорҷ Вашингтон сарфармондеҳи артиши ИМА таъин гардид. 12 декабри соли 1799 Вашингтон аз рӯи одати ҳамешагӣ аспсавор ба сайри мулкаш баромад ва зери барфу борон монда, сахт шамол хӯрд ва пас аз ду рӯз дунёро падруд гуфт. Ӯро 18 декабр дар Маунт-Вернон ба хок супурданд.

Сиёсат, мепиндошт Бисмарк, ин илм дар бораи корҳои имконпазир аст. Дар миёнаҳои асри XIX ба саҳнаи сиёсат қадам гузошта, вай на танҳо зарурати муттаҳидшавии Олмон, балки роҳҳои таърихии ба ин мақсад расиданро эҳсос намуд. Вай ҷонибдори ҳокими мутлақ, шоҳ буд, инқилобро қатъан рад мекард. Вай бо роҳи «инқилоб аз боло», бо роҳи ҷангҳои берунӣ

пешина
аз 424
навбатӣ