100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
рафт. Бо ҳамин тарз империяи Олмон бунёд ёфт.
Бисмарк мақсади асосиашро дар муҳайё намудани шароити мусоиди байналмилалӣ барои муттаҳидшавии Олмон медид. Фаъолияти ӯ ҳамчун сиёсатмадор ва дипломат баҳри иҷрои ҳамин маром равона гашт. Дар рафти амалисозии ин идея нишонаҳои асосии дипломатияи закиёнаи бисмаркӣ бармало аён гаштанд.
Ташкилёбии империяи Олмон дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатии Аврупо назари тозае ворид сохт. Олмони муттаҳидгашта ба давлати қудратманду тавоное табдил ёфт ва дар саҳнаи байналмилал нақши арзандае гузошта тавонист. Бисёр вақт Бисмаркро бо Талейран, дипломати барҷастаи асри XIX -и Франция, монанд кардаӣ мешаванд. Ба ҳар ду комёбӣ ҳамсафар буд, ҳар ду асрори хешро хуб ниҳон медошт, ҳар ду гуногунандешиҳои ҳам тарафдорон ва ҳам мухолифонашонро ба манфиати кор истифода бурда метавонист. Вале, нисбат ба франсуз, Бисмарк шахси бовичдон, тоза буд, бисёр кишварҳои хориҷӣ мехостанд бо пули зиёд ӯро ҷониби худ кашанд, аммо ҳамаи кӯшиши онҳо зоеъ рафт.
Отто Эдуард Леополд фон Шенхаузен Бисмарк 1 апрели соли 1815 дар кӯшки Шенхаузени маркграфии Бранденбург таваллуд ёфта буд. Вай фарзанди чаҳоруми помешик, ротмистри мустаъфӣ Фердинанд фон Бисмарк ва завҷаи ӯ Вилгелмина, духтари публисист, профессор Менкен, ба ҳисоб мерафт.
Бачагии ӯ дар мулки аҷдодиаш Книпхофи назди Наугард, дар Померания сипарӣ шудааст. Дар шашсолагиаш ӯро ба мактаби хусусии Пламан супурданд. Модараш зуд ояндаи писарчаро муайян намуд: «Вай дипломат мешавад». Вале анъанаи авлодӣ метавонист Бисмаркро ба соҳаи ҳарбӣ ҷалб созад. Зеро дар тӯли сесад соли охир ниёгони Бисмарк дар тамоми ҷангҳои зидди Франция иштирок доштанд. Баъдтар Бисмарк бисёр афсус мехӯрд, ки афсар нашуд ва ба ин модарашро гунаҳкор медонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё