Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Таъкид дар натиҷаи заъфи таълиф ҳосил мешавад. Пас ҳамаи мисолҳои барои заъфи таълиф нишон додашуда, ҳатто аксари нуқсони фасоҳатшикани калимаро, ки аз заъфи таълиф пеш омадааст, таъкиди лафзӣ ҳисоб кардан мумкин аст.

Таъкиди маънавӣ иборат аз он аст, ки шоир дар шеъри худ калимаҳоеро истеъмол мекунад, ки муродаш на маънои ҳақиқии онҳо, балки маънои маҷозии дур аз зеҳн буда, қаринаҳои лозим низ вуҷуд надорад. Пас хонанда аз ғайри шарҳу эзоҳ ба мафҳуми он пай намебарад. Мисол аз Анварӣ:

Оҳуи оташинрӯй чун дар бара дарояд,
Кофури хушк гардад бо мушки тар баробар.

Яъне агар оҳуи оташинрӯй — офтоб ба барра (бурҷи Ҳамал) дохил шавад, кофури хушк — рӯз бо мушки тар — шаб баробар мешавад. Шоир баробар шудани шабу рӯзро бо ибороти мушкили истиорӣ баён кардааст.

Ҳамаи чистонҳо, муаммоҳо, қасоиди Бадри Чочӣ, аксари қасоиди Ҳоқонӣ, Анварӣ ва баъзе порчаҳои Низомӣ ба қатори таъкиди маънавӣ дохил шуда, ҳунари шоирӣ ба шумор равад ҳам, таъкиди лафзиро ба қатори заъфи таълиф ҳисоб кардан мумкин аст.

  1. Танофури калимаҳо

Танофури калимаҳо иборат аз он аст, ки дар мисраъ ва ё байте чанд калимае, ки дар онҳо ҳарфҳои ҳаммахраҷ ё наздикмахраҷ ҷамъ омадаанд, пай ҳам истодааст. Бинобар ин дар вақти хондани ин калимаҳо дар талаффуз вазнинӣ ҳосил мешавад:

Гар тазаррӯъ кунӣ вагар фарёд,
Дузд зар боз пас нахоҳад дод.
(Саъдӣ).

Эй хаёли қоматат оҳи заифонро асо,
Бар рухат наззораҳоро лағзиш аз ҷӯши сафо.
(Бедил).

Қаллошваш дидам буте, эй вақти он қаллош хуш,
К-ӯ бохт нақди дину дил дар ишқи он қаллошваш.
(Ҷомӣ).

Он шоҳи шуҷоъ гар бикашад тиру камонро,
Дар як кашишаш шаш саду шаш тир бидӯзад.

Баъзан қатор омадани ҳарфҳои ҳамҷинси мулоимталаффуз оҳанги махсусеро эҷод мекунад ва на танофур, балки ба сомиа оҳанги мусиқӣ мебахшад. Масалан, Манучеҳрӣ дар банди аввали мусаммати «Хазония» ҳарфҳои ҳаммахраҷи мулоимталаффузро

пешина
аз 303
навбатӣ