Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
МУХТАСАРИ АРУЗИ ТОЧИКИ
БАЪЗЕ ЛАҲЗАҲОИ МУҚАДДИМАВИ
Маълум аст, ки вазни шеъри мо арӯз аст. Арӯз ҳарчанд арабӣ асл бошад ҳам, ба мурури замонҳои дуру дароз кор хӯрда, мувофиқи сохти забон ва завқи халқи форсу тоҷик номи мустақили арӯзи форсӣ (ачам)-ро гирифтааст ва ҳақиқатан дар бисёр лаҳзаҳо арӯзи форсӣ ё арӯзи аҷам аз арӯзи араб ҷудо шуда меистад.
Дар арӯз 19 гурӯҳи асосии вазн мавҷуд аст, ки онҳоро баҳр номидаанд. Аз ин 19 баҳр 3-тоаш — қариб, ҷадид (ғариб) ва мушокил эҷодкардаи арӯзсёни Аҷам аст. Панҷ баҳри дигар ба завқи форсу тоҷик мувофиқат накардааст, бинобарин шоирони форсу тоҷик онро тарк кардаанд ё ки маҳз барои нишон додани қудрат ва ҳунарнамоӣ баъзе аз шоирони саромади пешина дар он баҳрҳо ғайри маънус табъозмоӣ намудаанд. Он панҷ баҳр инҳоянд: тавил, мадид, басит, вофир ва комил.
Эҷодкори нахустини илми арӯз Халил ибни Аҳмад бинни Умар бинни Тамим-ул-Басрӣ ном олими араб мебошад. Донишманди мазкур дар ҳудуди соли 174 ҳиҷрӣ — 790—791 мелодӣ дар Басра пайдо шуд. Ӯ 15 баҳр эҷод кардааст ва барои санҷидани шеър афоил ном қолабҳои ҳаштгонаро аз моддаи «феъл» эҷод намудааст. Пас, аз тарафи Ҳасан ибни Аҳфаш ном олими забони араб мутадорик ном баҳре илова шуда адади баҳрҳо ба шонздаҳ расидааст. Дигар 11 баҳр миёни арабу ачам муштарак аст: ҳазаҷ, рамал, раҷаз, сареъ, мунсареҳ, музореъ, мухтасс, муқтазаб, хафиф, мутақориб ва мутадорик.
Вазнҳои арӯз асосан ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: вазнҳои аслӣ, вазнҳои фаръӣ.
Баъд аз ёфт шудан ва собит гардидани вазнҳои аслӣ ба асоси тағйироти раво дар рукнҳои солим оид ба ҳар як баҳр — вазни аслӣ вазнҳои бисёре пайдо шудаанд, ки онҳо дар ҳукми шоҳаҳои баҳри аслӣ қарор ёфта, вазнҳои фаръӣ ё музоҳаф (тағйирёфта) номида шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё