Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Калимаи нидоии эй аз рӯи принципи имлои ҳозира якуним ҳиҷо ҳисоб ёбад ҳам, бинобар он ки дар алифбои арабӣ ба шакли (ای - э) навишта мешавад, дар вақти тактеъ як ҳиҷои дарози оддӣ ҳисоб меёбад.

  1. Ҳиҷоҳои дарози пурра, ки аз як садоноки дароз ва се ҳамсадо сохта шуда дорои қимати як ҳиҷои дарози оддӣ ва ду ҳиҷои кӯтоҳ аст, ҳамчун: дӯст, гӯшт, кӯст, ҷӯст, корд (орд барин калимаҳо мустасност, ки аз «о» ва «рд» сохта шудаанд) 1.

Мо ин ҳиҷои охирин (рақами шаш)-ро васеътар эзоҳ менамоем:

ки (гуфтам, ки...) ҳиҷои кӯтоҳи мусовӣ ба аломати нимкамонак «v» мебошад.

«кй», ё «ку» аз ҳиҷои дарози оддӣ иборат буда, мусовӣ ба аломати хатча: «–» аст.

Ҳиҷои «кӯр» ё «кор» дорои қимати як ҳиҷои дарози оддӣ ва як ҳиҷои кӯтоҳ буда, мусовӣ ба як хатча ва ним камонак «– v» мегардад: ко(ру), кӯ (ру).

Агар ба ҳиҷои дарози пурра боз як ҳамсадое, масалан «д» илова намоем, дорои қимати як ҳиҷои дарози оддӣ ва ду ҳиҷои кӯтоҳи қатор мегардад ва мусовӣ ба як хатча ва ду нимкамонак «– v v» мешавад. Агар калимаи кордро ба тарҳ (схема) нишон диҳем, чунин мешавад: (ко(р)д = – v v

Аз ҳамин қабил аст калимаҳои сохт, кист, дӯст, рорс... ва дигарҳо.

Ба ҷуз ҳиҷои пурраи рақами шашум боз як навъ ҳиҷои пурраи ихтисорӣ вуҷуд дорад, ки бештар аз рӯи талаби вазн дар қофия ҳосил мегаррад. Ин ҳодиса вақте рӯй медиҳад, ки охири ҳиҷои 1-умини ду ҳиҷои ҳампаҳлу бо овози «н» тамом шавад. Чунон ки дар байти зерини калимаҳои нишон аст ва осмон аст аз рӯи хоҳиши вазн ба шакли нишонст, осмонст дохил шудааст ва тактеаш ҳукми ҳиҷои рақами шаш дорад:

Моҳи дуҳафта, ки мудавваришонст,
Акси вай аз ониди осмонст.
(Хусрав).

Вазнаш: муфтаилун, муфтаилун, фоилот
(– vv – / – vv – / – v~)

_____________________________ 1 Абдурауфи Фитрат дар «Арӯз ҳақиқа» ном асараш ҳиҷои рақами 6-умро дар қатори ҳиҷоҳои рақами 4, 5 шумурда дорои қимати якуним ҳиҷо қарор медиҳад ва фаромӯш мекунад, ки ҳамсадои охирин аксар аз тақтеъ сокит аст. Чунон ки Муҳаммад Ғиёсиддин мегӯяд: «Ва агар баъд аз мадда ду ҳарфи сокин воқеъ шавад, ҳамчун гӯшт, чист ва сохт ва монандӣ инҳо ва дар миёни мисраъ бошанд, агар он ду сокин дар баробари яку мутаҳаррик воқеъ шаванд, сокини аввал мутаҳаррик шавад ва сокини дувум сокит ва ғайраҳу...» Эзоҳоти ин мабҳасу ба таври пурра дар баҳсҳои оянда дода хоҳад шуд.

пешина
аз 303
навбатӣ