Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

ҷангро номбар мекунад: теғ, ханҷар, гурз ва каманд. Баъд амале, ки бо ёрии ин аспоб воқеъ шудааст, баён меёбад: буриду дариду шикасту бубаст, яъне Рустам бо теғ бурид, бо ханҷар дарид, бо гурз шикаст, бо каманд бубаст. Дар мисраи охир шоир ба суоли «чиро?» ҷавоб дода калимаҳои сару синаву пову дастро мутобиқи феълҳои буридан, даридан, шикастан ва бастан овардааст. Дар натиҷа маънои ин ду байт ҳамин мешавад, ки Рустам дар ҷанг бо теғ сари паҳлавононро бурид, бо ханҷар синаи онҳоро дарид, бо гурз пои онҳоро шикаст ва бо каманд дасти онҳоро бибаст (яъне асир кард).

Ҳарчанд ки ин порча аз мураккабтарин намунаҳои санъати лаффу нашр аст, хеле содда ва табиӣ баромадааст. Шоир аз қаҳрамониҳои Рустам ба завқ омада, бо ҷӯшу хурӯш сухан меронад, дар ҳар мисраи чор калимаи соддаю кӯтоҳро паси ҳам қатор оварда, ба ин восита суръат ва шиддати ҷангро ифода мекунад, чолокӣ ва пуризӯрии қаҳрамони худро зоҳир менамояд. Ин гуна табиӣ ва пурмазмун зуҳур кардани лаффу нашр дар адабиёт кам воқеъ шудааст.

Мисоли дигар аз «Матлаъ-ул-улум».

Зи ишқи туст чу зулфу миёну ваъдаи ту
Қадам дутову танам логару шабам мамдуд1.

Калимаҳои зулф, миён ва ваъда, ки дар мисраи аввалин гун шудаанд, дар мисраи сонии бо калимаҳои «қадам дуто», «танам логар», «шабам мамдуд» нашр ёфтаанд. Яъне шоир ба ёр мегӯяд, ки мисли зулфат қадам дуто шуд (хам шуд). мисли миёнат танам логар шуд (борик шуд), мисли ваъдаи ту шабам дуру дароз омад.

Мисол аз Қаззории Уммӣ, ки лаффу нашр бо истиора як ҷо омадааст:

Эй шукуфта гулбуни пайваста бо хуршед сар,
Турфа беху турфа шоху турфа баргу турфа бар,.
Беҳу шоху барг аз сим асту моҳу мушка уд,
Моҳи гирду сими хому мушка нобу уди тар.

Мисоли дигар аз Возеҳи Бухороӣ:

Дили рақибу лаби шикваю дари ошиқ
Ба як ишораи абрӯ шикасту басту кушод.

Сайфи Фарғонӣ:

Шаккару гул дошт он дилдору ман аз васли ӯ Доштам то вақти субҳ ин дар даҳан, он дар канор.

1 Мамдуд — дароз кашидашуда.

пешина
аз 303
навбатӣ