Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Агар ин тарз ғуновуарӣ ва нашри калимаҳо батартиб давом кунад, лаффӯ нашри мураттаб меноманд. Лекин агар лаффӯ нашр ба тартиб нарафта, ба таври омехта равад, лаффӯ нашри мушававаш номида мешавад:
То лола доғ бар дилу то гул нишаста бар гил,
Ин зад ба ҷома чоке в-он бар замин кулоҳе.
(Камол).
Дар ин байт калимаи «лола», ки дар аввали мисраи якум аст, бо иборан «кулоҳ ба замин задан», ки дар охири мисраи дуюм омадааст, эзоҳ шудааст. Инчунин калимаи «гул»-ро ки дар охири мисраи якум мазкур аст, бо иборои «ба ҷома чок задан» дар аввали мисраи дуюм эзоҳ карда шудааст.
Аз баҳри бӯсае зи лабаш ҷон ҳамедиҳам,
Инам ҳамеситонаду онам намедиҳад,
(Ҳофиз).
Феъли «ҳамеситонад» ба ҷон ва феъли «намедиҳад» ба бӯса вобаста мебошад. Яъне ғуновуарӣ ва паҳи кардани калимахон ба тартиб воқеъ нашудааст.
Парвона зи ман, шамъ зи ман, гул зи ман омӯхт
Афрӯхтану сӯхтану ҷома даридан.
(Халкӣ).
Дар ин ҷо эзоҳи парвона дар мисраи 1-ум баъди калиман афрӯхтан омадааст, ки эзоҳи шамъ буда, дар мисраи дуюмӣ баъд аз калиман парвона омадааст.
Дар кори гулобу гул ҳукми азалӣ ин буд,
К-он шоҳиди бозорӣ в-ин парданишин бошад.
(Ҳилолӣ).
Аз замин чӣ меҷӯӣ в-аз фалак чӣ мехоҳӣ?
Гумбази тилисм аст он, ҷодари хаёл аст ин.
(Сайидо).
Иқболи ҷаҳон бигзарад, идбор намонад,
Охир аламу айши гулу хор намонад.
(Бедил).
Санъати шумур
(Сиёкулаъдод)
Санъати шумур аз он иборат аст, ки шоир дар порчае маҳз барои латофат ва назокати сухан чанд чизро танҳо-танҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё