Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
мешумораду баъд ҳамаро як-як тафсиру эзоҳ мекунад, баъзан умуман риояи зикри ададро менамояд. Намудҳои ин санъат низ бисёр бошанд ҳам, нақли чанд мисолро басанда мешуморем:
Бодо фидои зулфу руҳу қомату лабаш
Як ҷони ман, ки сӯхтан ҳар чаҳори ӯст.
(Хусрави Деҳлавӣ).
Дар ҷаҳон даҳ чиз душвор аст назди Огаҳӣ, К-аз тасаввур кардани он мешавад дил беҳузур:
Нози ошиқ, зӯҳди фосиқ, шарми мумсик, базли разл,1 Ишваи маҳбуби бадшаклу назарбозни кӯр, Лаҳни савти беусулон, баҳси илми ҷоҳилон, Меҳмонии батаклиду гадоии базӯр.
(Огаҳӣ).
Се чиз карда муҳаббӣ ба қатлам он бадхӯ:
Қарашма — теғу мижа — новаку камон — абрӯ.
Туро, ки ҳаст се чиз аз се чиз позуктар:
Даҳон зи ғунча, лаб аз барги гул, миён аз мӯ,
Дилам ба вақти баҳорон се чиз мехоҳад:
Канори обу май нобу соқини гулрӯ.
Ба чашму оразу абру рабудай се чиз:
Сина аз шабнур аз маҳу рам аз оҳу.
Муҳаббати ту ба дил аз се чиз наздиҳ аст:
Ба май зи нашъа, ба чашм аз нигаҳ ба гул аз бӯ.
Се чиз дар чаман ошуфта кардаӣ зи се чиз:
Бунафша аз хату сунбул зи зулфу гул аз рӯ.
Парӣ ду чашми туро бо се чиз мехоҳад:
Яке макор2 дуюм соҳиру сеюм ҷоду.
(Парвини Ҳисорӣ).
Санъати ҷамъ
Санъати ҷамъ он аст, ки шоир ду ва зиёда аз ду чизро дар як сифат ҷамъ мекунад ва чунин сифат ҷомеъ ном до-рад:
Моҳ гоҳе чу рӯи ёри ман аст,
Ки чу ман кӯзпушту зору назор.
(Кумрӣ).
Дар мисраи якум миёни моҳ ва рӯи маъшуқа дар сифати хубӣ ҷамъ кардааст. Сифати хубӣ ҷомеъ аст.
Дар мисраи дуюм бошад, миёни моҳ ва худ дар сифати кӯзпуштӣ ва зорию назорӣ ҷамъ кардааст.
1 Разл — разил.
2 Макор — маккор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё