Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сӯи нишебиҳо равам.
Аввал барояд чиллаам,
Пас чил қадам боло равам!
феврали 2005
ЁРИ ХАЁЛӢ

Эй рашк, дар муқобили ту сусту оҷизам,
Бо он, ки боиродаву зӯру муборизам.
Ин аст ёрро зи ҳазорон нигорҳо
Бемузд посбону тавоно муҳофизам.

Охир чу ёри ман ба ҷаҳон нест ҳеҷ ёр,
Баргӯ кӣ беҳтар аст ба ҷуз ӯ дар ин диёр?
Шаҳри ман аст манзили чандин ҳазор мард,
Болост лек ёраки ман аз ҳаммин ҳазор.

Ҳаргиз магӯ, ки сахт муҳобот мекунам,
Не, не, биё, ки гуфтаам исбот мекунам.
Оҳе, валек ҳаст чу ёрам тасаввурӣ,
Чунат вуруди баҳри хаёлот мекунам?!
майи 2004

КӮҲЗОДИ ЗӮР АЗ ШАҲРИЁН

Ай нуқтаи пурнури ман, равшантарини дури ман,
Ай боиси машҳуриям, савдову шеъру шӯри ман.
Ай кӯҳзоди паҳлавон, ай зӯртар аз шаҳриён,
Султони қалби бисмилам, эй дилситон, эй дилситон.
Пиндори нек астиву бас, ай орзуи барабас,
Ай баҳри ман пинҳон, вале бар аҳли олам дастрас.

пешина
аз 82
навбатӣ