Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
То ҳозиру ҳам баъди ин, шоҳид фалак, шоҳид замин,
Будӣ ту ишқи аввалам, монӣ ту ишқи охирин.
Ё ин ҳама пурнурият бошад аз он мастурият,
Аз дурии ту зам шавад ин сон ҷилову зӯрият.
Ай дури ман, ай зӯри ман, хуршедии пурнури ман,
Аз дур мон, аз дур мон, ҳаргиз машав манзури ман!
июни 1996
ГУЛИ ҒАМ
(Ба дугонаам Н.)
Туе, ки диданат равост, нозанин,
Гуливу чиданат навост, нозанин,
Даме шуниданат давост, нозанин,
Ҳаме шамиданат ҳавост, нозанин,
Чаро ба хона маҳрамӣ, чаро, чаро?
Маро ғами ту зери зер кардааст,
Ва аз замона сери сер кардааст,
Хамӯшиат маро чу шер кардааст,
Муборизу ялу далер кардааст.
Чаро ба хона сархамӣ, чаро,чаро?
Нагуфтамат ҳаёт ҷовидона нест?
Пас он кирои ин рақам фасона нест,
Ҳаёт он бувад, ки бе тарона нест,
Зан оташ асту ҳеҷ безабона нест.
Чаро ба хона дарҳамӣ, чаро, чаро?
Хулоса кун азоби худ, сароби худ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё