Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Бурун намо ҷавоби худ, итоби худ,
Фузун намо ҳисоби худ, савоби худ,
Намо қади базеб чун хитоби худ.
Чаро ба хона пурғамӣ, чаро, чаро?
Туе, ки диданат равост, нозанин,
Надиданат аҷаб ҷазост, нозанин,
Вазиданат пури ҳавост, нозанин,
Чамиданат хуши Худост, нозанин,
Чаро ба хона маҳкамӣ чаро, чаро?
августи 2004
ҲАМСОЯИ ҚУЛЛАҲО
Аз кишвари Ориёям, эй дӯст,
Ҳамсояи қуллаҳоям, эй дӯст.
Ҳамсӯҳбати офтобу маҳтоб,
Як лӯъбатаки қазоям, эй дӯст.
Ворастатарин каси ҳаётам,
Вобастатарин раҳоям, эй дӯст.
Тарсанда зи сахт меҳр бастан,
Тарканда зи норавоям, эй дӯст.
Бишкуфта, вале намешавам во,
Бинҳуфта, валек воям, эй дӯст.
Пурҳуснтарин навор, аммо
Пурҳузнтарин навоям, эй дӯст.
Ҳамрешаи Рӯдакиву Румӣ,
Ҳамбешаи сад балоям, эй дӯст.
Аз аҳли риё чӣ ҳарф гӯям,
Аз аҳли риё фаноям, эй дӯст.
Ҳарчанд вале фаноям, эй дӯст,
Пояндаву бобақоям, эй дӯст!
марти 2006
ҒАМНОМА
Дар марги падари бузургворам
Падар, аз марги ту қаддам дуто шуд,
Замину осмонам безиё шуд.
Дилат таркиду таркидам зи андӯҳ,
Дигар ин қолабам бемӯҳтаво шуд.
Хаёлам шаҳсутуни хона бишкаст,
Маконам дар дили вайронсаро шуд.
Ҳазорон шукри модар гӯям, аммо
Шикасти рафтанат ҳай бедаво шуд.
Наям тифлу вале аз рафтани ту,
Ба духти бепадар, донӣ, чиҳо шуд?
Ба дунё кӯҳпайкар мард будӣ,
Чу рафтӣ, кӯҳи ғам дар қалб ҷо шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё