Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кунун хобӣ ту дар домони Даштак,
Ва Даштак қиблаю меҳроби мо шуд.

Баёзи ғам нависам рӯи гӯрат,
Ғазал гуфтан бароям нораво шуд.

Маконат дар биҳишти сабз бодо,
Биҳишти умри ман, лекин, фано шуд.
августи 2009

ҲАДИСИ БОМИ ҶАҲОН

Бишнав садои дури маро, ай диёри ман,
Боми Ҷаҳон, кишвари овозадори ман.

Ай ошёни сарбафарозам, баланд бош,
Бо фахри тоҷиконаи худ дилписанд бош.

Синни камол дориву таҷлили зодрӯз,
Бодо ҳамеша рӯзи ту ҳаррӯз шодрӯз.

Оё ба ёдат аст замони гузаштаат?
Ҳам қиссаи навиштаву ҳам нонавиштаат?

Он қиссаҳои талхи қадимии пуршикан,
Он саргузашти мардуми бечораҳоли ман.

Таърих гӯядам, ки аҷаб бенаво будӣ,
То инқилоби рус ба коми бало будӣ.

Маҳкуми ҷабр будиву маҳкуми шоми тор,
Дар зери бори зулми касон нотавону зор.

Дар қисмати ту буд фақириву қаҳтсол,
Ҷои камол дида ту ҳар лаҳзае завол.

пешина
аз 82
навбатӣ