Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Нони ҷават баробари ҷоне мақом дошт,
Онро вале дареғ на халқи тамом дошт.
Нон гуфта ҷон супурда басо тифлакони зор,
Нон гуфта ҷон супурда басо тифлакони хор.
Дар кулбаҳои танги фақирона он замон
Шукри сияҳчароғ ҳамекард мардумон.
Хатту савод мардуми одии мо надошт,
Омӯзгору мактабу донишсаро надошт.
Дар ҷоҳилӣ чи сахт буда ҳоли одамон,
Дар байни чор кӯҳи расида ба Каҳкашон.
Духтур зи бас набуд, чи бисёр марг буд,
Одам ба чанги боди аҷал мисли барг буд.
Пажмурда тан заифу харобу шитозада,
Афсурда ҷонҳо ба лаб аз ҷабр омада.
Сад гуна дард буду ҳазорон маризҳо,
Мардум зи марг лек наҷуста раҳи раҳо.
Аз фабрику завод ҳама бехабар буданд,
Ё ки хабар фақат ду ва ё се нафар буданд.
Оинаи ҷаҳоннамо як хоб буду бас,
Тайёраро ба хоби шабаш ҳам надид кас.
Худпар гилем орзуи момаам будаст,
Ин орзуи содаи ҳам бобаам будаст.
Роҳе ба сӯи олами паҳно надоштӣ,
З-ин рӯ хабар зи ҳастии дунё надоштӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё