Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Будӣ макони тираи шахҳои тирахок,
Будӣ макони хираи яхҳои ҳавлнок.

Бечораҳол будиву бечорарӯзгор,
Эй сарзамини танги ман, эй мулки кӯҳсор.

Хуллас, ки тирарӯз музофот будаӣ,
Дур аз ҷаҳон ҷаҳони харобот будаӣ.

Рус омад он замон чу ба назди ту аз қазо,
Бо омадаш зи қайди балоҳо шудӣ раҳо.

Омӯзгору духтури худ оварида буд,
Ҷони ту аз балову аҷалҳо харида буд.
Мактаб пайи макотиби нав боз кард рус,
Дар ҳар маҳал сабақдиҳӣ оғоз кард рус.

Равшан чароғи барқ дигар хонаат намуд,
Равшан зи нур кӯчаву кошонаат намуд.

Беморхонаҳо ҳама ҷо боз шуд дигар,
Бемаргии ҳамешагӣ оғоз шуд дигар.

Даҳҳо бинои нав ба нав бунёд кард рус,
Яъне бинои бахти ман обод кард рус.

Сад корхона боз шуду ҷои кор шуд,
Мардум ба кор ҷалб шуду бахтёр шуд.

Оинаи ҷаҳоннамо дигар ҷаҳон намуд,
Тайёра сӯи кишвари ман боли худ кушуд.

Бо дасти дӯстон ту ба айёми Шӯравӣ,
Бишкуфтаву шудӣ дигар як кишвари қавӣ.

Халқи шарифи илмпарастам ба кор шуд,
Доништалаб будан ба бадахшӣ шиор шуд.

пешина
аз 82
навбатӣ