Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
дучор шудаам, аз касе ягон чиз барои фашистон талабида метавонам? Агар зӯран кашида гирам, худо зад гуфтан гир: на хабари мурдаамро мешунавӣ ва на ҷасадамро аз ҷое меёбӣ.
-
Пас чӣ кор мекунӣ?
-
Хуки худамонро медиҳам, - ҷавоб дод Степан, - аз ин беҳтар илоҷе нест: на ба мардум бад мешавам ва на аз онҳо ҳақорат мешунавам.
Степан ҳамин тавр ҳам кард, аммо гапу калоҷаи мардум бештар шуду камтар не:
- Дидед, ба фашистҳо хушомад мекунад, - мегуфтанд одамони наштарзабон ба якдигар, - барои худашро хуб карда нишон додан ҳатто молу ҳолашро дареғ намедорад-а.
Ин гапҳоро шунида, Степан аз аввала бештар ғамгин гашта, ихтиёри аз деҳа баромада рафтан кард. Аммо бе сардор мондани оила, пас аз баромада рафтани ӯ ба чӣ ҳолу аҳвол дучор гардидани зану фарзандонашро андеша карда, алҳол аз ин нияти худ гашт. Лекин ҳамин ки шом шуд, ба идораи управа омада, ҳуҷҷатҳои шӯрои деҳаро ба як ҷо ҷамъ карда, бо ресмон баст, то ки онҳоро ба ҳавлиаш бурда, дар полиз ба замин гӯр кунад.
Степан ғарами коғазҳоро зери бағал карда, аз идораи управа баромад. Ҳама ҷо торик буд ва садое ба гӯш намерасид. Вай аз идора тақрибан саду панҷоҳ метр дур шуда буд, ки дар ҳамгашти роҳ аз ду тараф чор кас ногоҳ ба вай дарафтоданд.
Степан барои халос кардани ҷони худ муқобилат нишон дод, ҳарчанд «шумо кӣ?», «охир ман чӣ гуноҳ кардам?» гӯяд ҳам, ҷавобе намешунид: чор ҷавони қавибозу ӯро ба замин афтонда, дастонашро бастанд ва ба даҳонаш латта андохтанд.
- Гуноҳат азим аст, арбоб: ту хоинӣ.
Ҷавони дуюм:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё