Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан- Ба фикрам, акнун моро шинохтӣ: мо, комсомолони деҳа, ки ҳоло ба кори пинҳонӣ гузаштаем, ба амалиёт шурӯъ кардем. На фақат аз душман қасос мегирем, балки онҳоеро ҳам, ки бо фашистон ҳамкорӣ мекунанд, сахт ҷазо медиҳем.
Ҷавони сеюм:
- Шахсан туро меовезем. Ҳамин дам аз куҷое буд, ки Миша-бобо пайдо шуда, овоз баровард. - Ин ҷо кист? Киро овехтан мехоҳед? Ҷавонон Миша-боборо аз овозаш шинохтанд.
Ҷавони якум:
- Хоини рақами якумро, бобо.
Бобо:
- Якумаш кӣ будааст?
Ҷавони дуюм:
- Кӣ буд? Арбоби деҳа-дия.
Ҷавони сеюм:
- Ба ҳар ҳол, аз душманон қасос гирифтанро аз Степан сар мекунем.
Миша-бобо бо овози ларзони пирона ҷиддӣ гуфт:
- Степан Сабуровро? Барои чӣ? Бо кадом асос?
Ҷавони якум:
- Вай арбоби деҳа аст ва ба фармони онҳо кор мекунад.
Миша-бобо:
- Ба маълумотатон, ӯро зӯран арбоб таъйин карданд, агар «не» мегуфт, ҳамон лаҳза мепарронданд. Акнун гӯед, ки ӯ кадом фармони фашистонро ба ҷо оварда, ба аҳолии деҳа чӣ зарар расонд?
Ҷавони дуюм:
- Агар зарар нарасонида бошад, акнун мерасонад-дия.
Миша-бобо:
- Не, фарзандонам, ин коратон ба ҳеҷ чиз намеарзад, баръакс, зарар мерасонаду фоида не: хоинон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё