Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондандар як тараф мемонанду шумо одамони поквиҷдонро маҳв мекунед.
Ҷавони сеюм:
- Пас Степан одами поквиҷдон аст?
Миша-бобо:
- Дар айни замон аз ту поквиҷдонтар аст.
Ҷавони чорум:
- Набошад, чаро ба фашистон хушомад мекунад?
Миша-бобо:
- Хушомад карданашро ту дидӣ?
Боз ҳамон ҷавон:
- Хӯкашро ба коменданти шаҳр пешкаш кард-ку?
Миша-бобо:
- Аҳмақ гӯям, хафа мешавӣ, пинҳонкори хомақлак. Охир, коменданти шаҳр одамонашро фиристода фармон дода буд, ки ба хубӣ ё ба зӯрӣ хӯки ягон сокини деҳаро гирифта, ба вай фиристанад. Степан бо андешаи он, ки касеро аз сокинони деҳа нареҷонад, хӯки худашро бароварда дод. Магар ин хушомад кардан ба душман ва ба аҳолии деҳа бадӣ кардан аст?
Ҷавони якум:
- Ин гапатон рост?
Миша-бобо бо ғазаб:
- Рост, сагбача. Канӣ, дастони ӯро кушо...
Ҷавонон хам шуда, зуд дастонашро кушоданд ва латтаро аз даҳонаш гирифтанд. Степан ӯффсазанон аз ҷояш хест ва банди дастонашро молида-молида, ба Миша-бобо гуфт:
- Хайрият, ки дар вақташ расида омадӣ, бобо, вагарна ин бачаҳои аз ҳамаи гапу кор бехабар маро меовехтанд. Ҳамин тавр? Ҳар чор ошон:
- Оре, меовехтем.
Степан:
- Бо ин амалиёти худ фақат ба душман мадад мерасонеду бас.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё