Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Миша-бобо:

  • Пинҳонкор бояд бомулоҳиза бошад. Шумо чӣ? Бе ҳеҷ сабаб одамро овехтан мехоҳед-а? Ин гапи куҷо?
    Степан:
  • Хайрият, ки дар вақташ омадӣ Миша-бобо, вагарна ин тиррончакҳо...
    Миша-бобо:
  • Овеҳтанашон аз эҳтимол дур набуд.
    Степан:
  • Аз ваҷҳи ман, Миша-бобо, дигарон ҳам саҳв мекунанд. Бигузор. Ман аз ҳамин рӯз эътиборан аз вазифаи арбобии деҳа даст мекашам ва ба ҷои ман, албатта, дигар касро таъйин мекунанд. Ана баъд сокинони деҳа кӣ будани Степанро дурусттар мефаҳманд.
    Миша-бобо:
  • Саросема нашав, Степан, шояд аз роҳбарони худамон фармоне ояд. Он вақт чӣ кор карданат маълум мешавад.
    Степан:
  • То омадани фармон ё одамони худамон, ё фашистон маро нобуд мекунанд, охир, ман фармонҳои комендантро ҳам иҷро накарда истодаам.
    Миша-бобо:
  • Ба ҳар ҳол, фикр кун...
    Степан:
  • Хайр, ман рафтам. Шабатон хуш бод.
    Ҷавонон аз қафо:
  • Степан-амак, моро бубахшед, мо саҳв кардем...
    Миша-бобо:
  • «Баъд аз тафу тез қайла куну рез» гуфтаанд. Агар ман омада намемондам, аз қадами аввалини ба амалиёт сар кардани худ гуноҳи азим содир мекардед. Минбаъд калларо дар ҷояш нигоҳ дошта, ақдро дуруст кор фармоед. Хайр ман ҳам рафтам.
    Кӯча боз аз одам холӣ шуд ва садое ба гӯш намерасид.
пешина
аз 349
навбатӣ