Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

III

Шаб шуд, вале Варвара Михайловна ҳанӯз таомро накашида, Степанро интизор буд: дам ба дам ба кӯча баромада ба чапу рост назар мекард ва агар сиёҳиеро аз дур медид, «Степан, ин туӣ?» гӯён овоз мебаровард.

Андрейка низ интизори падараш буд. Вайро бачаҳои деҳа «Ту писари хоин, падарат ба фашистон хушомадгӯй мекунад» ё «Дигар бозӣ кардани ту бо мо мумкин нест!», «Ҳа, дафъ шав, морбача» гӯён имрӯз ҳам аз вай рӯ тофтанд. Вай ба хона баргашта, хеле гиря кард, ҳатто Варвара Михайловна ором карда натавонист. Ҳозир ӯ мехост, ки зудтар падараш ояду худро ба оғӯши вай андозад, аз забонаш суханҳои тасаллобахш шунавад, ором шавад. Андрейка аз ин муқаддам ҳеҷ вақт худро ин қадар озурда ва шикастадил ҳис накарда буд, ҳоло аз падар танҳо навозиш мехосту бас. Аммо дараки Степан набуд.

Андрейка дам ба дам беруну дарун даромадани модарашро дида, пай бурд, ки вай аз наомадани падараш дар хавотир аст. Хоҳарчаҳояш Галя ва Надя бошанд, мисли ҳаррӯза бозию мағал намекарданд: онҳо дар кунҷи хона ба рӯи фарш нишаста, аз Варвара Михайловна чашм намеканданд ва безобита будани ӯро ҳис мекарданд. Ин буд, ки Андрейка дили худашу хоҳарчаҳояшро тасалло доданӣ шуда, аз даруни ғалладони миз «Китоби хониш»-и Надяро гирифта, назди онҳо нишаст.

— Мехоҳед, ки ман ба шумо шеър хонам: чӣ тавр аҷдодони мо фарансузҳои таҷовузкорро аз Россия зада пеш карданд?

— Ҳа, хон, Андрейка, — гуфт Надя аз ин гапи бародараш рӯҳ гирифта, — барои дафъи хафагӣ... Андрейка пушташро ба девор такя дода китобро кушод.

пешина
аз 349
навбатӣ