Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
надида буду роҳи ӯро мепоид. Политсай чанд қадам пеш рафта, боз пас гашт. Акнун ӯ бепарвоёна қадам мезад. Ҳамин ки политсай як-ду қадам аз ҷои Степан дар камин буда гузашт, Сабуров бо як ҷажидан ба вай расида, аз пой зада афтонд ва худро ба болояш гирифта, бо дастони белмонандаш ҳарифро буғӣ кард.
Политсай хирроскунон дасту пой зада мехост, ки аз чанголи Степан халос шавад, аммо наметавонист. Ӯ оҳиста-оҳиста аз мадор рафта, ҷон дод.
Степан аз ҷо хеста чуқур нафас гирифт. Акнун ҷасади политсайро дар ҷое гӯр кардан даркор буд.
Вай дере фикр накарда, ҷасади политсайро сари китф бардошта, ба полизи саҳни мактаб, ки аз хонааш тақрибан сад метр дуртар буд, овард. Дар он ҷо чуқурие кофта, мурдаро гӯр кард ва баъд гӯрро чунон устокорона ба замин ҳамвор намуд, ки касе дар ин ҷо мурда буданашро пай бурда наметавонист. Степан хотирҷамъ шуда, ба хонааш омад ва дарро оҳиста кӯфт.
-
Кист? - пурсид Варвара.
-
Дарро кушо, Варвара, ин ман - Степан.
Варвара дарро кушод.
-
Степан, чаро омадӣ? - гуфт Варвара бо ташвиш, - дар деҳа немисҳо, туро ҷустуҷӯ карда гаштаанд, шабонгоҳ бошад, дар атрофи хона политсайҳо роҳи туро поида меистанд. Ҳоло ҳам...
-
Хотирҷамъ бош, - гуфт Степан сухани ӯро бурида, ман кори ӯро тамом кардам.
-
Ӯро куштӣ?
-
Бале.
-
Мурдаашро чӣ кор кардӣ?
-
Мурдаашро ба полизи мактаб бурда, гӯр кардам, ба чашм наменамояд.
-
Ҳар чӣ бошад ҳам, зуд рав, дар ин ҷо дер истодани ту хавфнок. Ҳамин замон рӯз мешавад ва ба ҳеҷ ҷой гурехта рафта наметавонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё