Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ман бисёр намеистам, - гуфт Степан, - фақат аз ту ва Андрейка хоҳиш мекунам, ки аз ҳамаи кору кирдори фашистону политсайҳо бохабар шуда истед, гапҳои мардумро хуб дар гӯш гиред ва маълумотҳои даркориро ба Миша-бобо расонед. Аз вай немису политсайҳо хавф намебаранд ва хонаашро ҳам ба зери назорат намегиранд, бинобар он дар мавридҳои зарурӣ ман шабона ба хонаи пирамард омада меистам.

Степан ба хонае, ки дар он ҷо кӯдаконаш мехобиданд, оҳиста даромада, онҳоро гарм-гарм бӯсид ва баъд ҳамроҳи Варвара ба рӯи ҳавлӣ баромада, ба занаш таъкид кард:

  • Ба Андрейка гап зан, ки худашро эҳтиёт кунад, ҳар гапро ба ҳар кас нагӯяд, дурусттараш, аз ҷӯраҳояш гап гираду худаш тамоман ҳеҷ чиз нагӯяд, бо ҳама хушмуомила шавад, лекин дар вақти ба хонаи Миша-бобо рафтан кӯшиш кунад, ки ӯро ҳеҷ кас набинад.

  • Андрейка бачаи баэҳтиёт аст, аз вай дилат пур бошад, - дилбардорӣ дод Варвара.

Степан ба занаш хайру хуш карда, ба хонаи Миша-бобо шитобид. Ғайричашмдошти Степан, Миша-бобо хоб нарафта, дар хараки бехи девори хонааш чубуқашро дуд кунонида менишаст.

  • Миша-бобо? - овоз дод Степан.

  • Ин кӣ? - пурсид Миша-бобо аз ҷо нахеста.

  • Ман, Степан, - ҷавоб дод Степан ва дарро кушода, ба ҳавлӣ даромад.

Вохӯрӣ карданд.

  • Куҷо гум шуда рафтӣ, Степан? - пурсид Миша-бобо.- Коменданту одамонаш аз ҳеҷ ҷо даракатро наёфтанд, сокинони деҳа бошанд, овоза карданд, ки гӯё партизанҳо туро ҳамчун хоин парронда бошанд.

  • Хуб овоза кардаанд, - гуфт Степан хандида, - ҳоло нигоҳ карда ист, Степани «мурда» чӣ корҳо нишон медиҳад!

пешина
аз 349
навбатӣ