Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
- Ба хона даро, Степан, - гуфт Миша-бобо дари даҳлезро кушода, - худо накунад, ки ягон кас аз роҳ гузашта, истода гапамонро шунавад. Охир политсайҳо шабҳо низ дар деҳа гашту гузор мекунанд.
Онҳо аз даҳлез гузашта, ба хона даромаданд, ки он торик буд ва ҳеҷ чиз ба чашм наменамуд. Степан ба як гӯшаи кати чӯбин ба рӯи кӯрпаи ҷиғда-ҷиғда шуда нишаст.
Лаҳзае чанд бо хомӯшӣ гузашт. Ниҳоят Степан аз Миша-бобо пурсид:
-
Дар ин бевақтӣ берун баромада нишастӣ, бобо? Ягон касро мунтазир будӣ?
-
Не, Степан, - ҷавоб дод бобо, - мани фартут ба кӣ даркор? Дар пиронсолӣ ба диққи нафас гирифтор шудаам ё ба касалии дигар, нафасам тангӣ мекунад, хоб рафта наметавонам, ноилоҷ ба берун, ба ҳавои тоза баромада мешинам.
-
Хайр гап зан, ки дар деҳа чӣ гапу чӣ хабар?
-
Дар воқеъ, дина бо фармони арбоби нав идораи управаро рӯфта тоза кардам. Худамро ба арбоб кар карда нишон додам, ҳамин ки савол медод, чашмонамро калон кушода «А, чӣ гуфтед? Такрор кунед, ки гӯшам вазнин аст: пиронсолӣ-дия» мегуфтам. Аз гап задан бо ман даст кашида, бо ду нафар немис ва политсайҳо, ки бо коре омада будаанд, гарми сӯҳбат шуд. Бехабар аз он, ки ман каму беш забони немисиро медонам, онҳо дар ҳузурам ошкоро гап задан гирифтанд. Яке аз немисҳо ба арбоб гуфт: «Комендант супориши қатъӣ дод: худи ҳамин рӯз саршумори чорвои сокинони деҳаро ба рӯйхат гиред. Пасфардо одам мефиристем, аз аҳолӣ 30-40 сар моли калону хурд гирифта, ба онҳо месупоред. Ба қӯшунҳои дар ақибгоҳ будаи мо гӯшт даркор...».
-
Пасфардо, гуфтӣ?
-
Бале.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё