Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

-Ба эътибор мегирам, - гуфт Степан абрувонашро чин карда.- Умуман, бобо, коре карда ба боварии Армияи Шӯравӣ ва сохти колхозӣ нишон дода, ба вай фаҳмон, ки дар гузашта ба бойи деҳа Герасим хизмат мекардӣ ва зиндагиат шоҳона мегузашт...

  • Чӣҳо мегӯӣ, Степан? Чӣ, магар ман ақламро хӯрдам? - Миша-бобо ҳатто аз ҷояш хест. - Ба ин гапҳо забонам намеравад!

  • Хоҳӣ ки ба Ҳокимияти Шӯравӣ мадад расонӣ ва ба душман зарба занӣ, ҳамин тавр гуфтан гир, бобо, - маслиҳат дод Степан, - инро вазъият талаб мекунад.

  • Боз чӣ?

  • Боз ҳамин, ки аз рафтору кирдори фашистону лагандоронашон бохабар шуда ист, ба гапҳои онҳо бодиққат гӯш деҳ. Ман маврид ба маврид шабона наздат меоям ва аз ту хабар мегирам. Алҳол гап ана ҳамин.

  • Кӯшиш мекунам, Степан.

  • Хайр, бобо,-гуфт Степан ба Миша-бобо даст дароз карда, - маро гусел накун, худам меравам.

Степан ҳамон лаҳза аз деҳа ғайб зад.

Аз ҷониби шарқ субҳ медамид, вале кӯчаҳои деҳа, гӯё тамоман беодам бошанд, холӣ буданд, ҳатто овози саг ё парранда ба гӯш намерасид: хомӯшии тому ғамангез ҳукмфармо буд.

VI

Баъди аз отряд рафтани Василий Степан боз ба ду каси дигар зеҳн монд, ки хулқу хӯи онҳо низ ба ӯ маъқул шуда буд. Яке Анатолий Дуров - марди 30-35 солаи рафидарӯ, пешонавасеъ ва мӯйҳои тиллоранги ғафсаш ҳамеша титу пит буд. Вай то сар шудани ҷанг муаллими мактаби миёна буда, аз фанҳои забону адабиёти русӣ дарс медодааст. Дигаре Саша Виденко

пешина
аз 349
навбатӣ