Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

нисбатан ҷавон, химчамиён, гандумгун буд ва чашмони сиёҳ дошт. Ӯ аслан аз Ворошиловград бошад ҳам, ба Анатолий худашро аз Евпатория - «як зотам турк» гуфта буд. Аз ин баъзеҳо тааҷҷуб карда буданд, лекин баъдтар фаҳмиданд, ки Саша маҳз барои ба нафси Анатолий расидан ҳамин хел гуфтааст, зеро Дуров нисбат ба туркҳо, ки ба қавли ӯ, «як умр ба Руссия душману вале бо Германия дӯстӣ мекунанд», ҳусни таваҷҷӯҳ надошт. Умуман Саша Анатолийро дӯст медошт, вале одами ҷиддӣ будани ӯро дониста, танҳо барои ханда шуда ҷо-ҷо ба иззати нафсаш расида меистод. Ана ҳозир ҳам дар паҳлӯи Анатолий, ки ба дарахте такя карда менишаст, ба замин дароз кашида ва аз паст ба рӯи ӯ нигариста мегуфт:

  • Ман намефаҳмам, Анатолий Михайлович, чаро шумо Пушкинро аз ҳамаи шоиру нависандагони рус чанд сар баланд медонед? Ана Лев Толстой гапи дигар. Як худи «Ҷанг ва сулҳ»-аш як халта бор мешавад. Асарҳои Пушкин чӣ? Ба борхалтайи ман базӯр ҷо мешаванд.

Анатолий бо диққат ба Саша нигариста, фаҳмиданӣ шуд, ки ӯ ин суханҳоро ба таври ҳазл ва ё ҷиддӣ мегӯяд. Саша ҳатто табассум ҳам намекард. Он гоҳ Анатолий ҷиддӣ гуфт:

  • Ба одами бесавод чӣ гӯям? Инро худи Лев Толстой ҳам эътироф кардааст.
  • Ман то ба он дараҷае ки шумо мегӯед, бесавод нестам, Анатолий Михайлович, - гуфт Саша худашро ранҷидаги вонамуд карда. - Ман он қадар китоб варақ зада баромадам, ки шумо ақаллан нисфашро ҳам нахондаед.
  • Каллаварам, - гуфт Анатолий, - варақ задану хондан фарқ дорад. Омӯхтан ҳам ҳар хел мешавад.
  • Ман ба маънои ҳамааш сарфаҳм меравам, Анатолий Михайлович, - гуфт Саша ва дар рӯ ба рӯи Анатолий хеста нишаст, - беҳуда маро каллаварам мегӯед.
пешина
аз 349
навбатӣ