Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ман аз куҷо медонистам, ки вай... - гуфт Тоҷи-хон ва куртаашро иваз карда, шавҳарашро ба наҳорӣ таклиф намуд. Аҳмадҷон ҳам дар назди занаш ба курсӣ нишаста, пурсид:
  • Райҳон канӣ?
  • Дар ҳамин ҷоҳо будагист, - гуфт Тоҷихон, вале ба атрофаш нигоҳ карда, Райҳонро надид. - Нест-ку, дар як нафас куҷо шуд?
  • Намедонам, - ҷавоб дод Аҳмадҷон, - дар берун будагист...

Аммо Райҳон дар берун ҳам набуд. Ҳар ду бесаранҷум шуданд: аз назди хона роҳи калони мошингард мегузашт.

  • Нагуфта будам, ки ба кӯдак дуруст рафтор кун, - гуфт Аҳмадҷон. - Дидӣ, чӣ тавр худсар шудааст?
  • Аҷаб гапҳо мезанед! - гуфт Тоҷихон бо ситеза. - Вай фарзанди як худи ман аст?
  • Ин гапҳои Тоҷихон ба шавҳараш сахт расид, бо вуҷуди он вай худдорӣ карда, оромона гуфт:
  • Ба гапҳои ман гӯш надодӣ, духтарро эрка калон кардӣ. «Эрка бошад, балои ҷон аст». Ин хуб нест. Ман дуруст тарбия карданӣ шавам, халал мерасонӣ.

Тоҷихон ба муқобили суханони ҳаққонии шавҳараш чизе нагуфту бесаброна хитоб кард:

  • Хайр, бисёр гап назанеду бачаро ёбед!
  • Охир, вай ба куҷо меравад? Дар ҳамин гирду атроф будагист! Биё, ту ҳам ҳавлии ҳамсояҳоро бин! Ҳар ду аз ҳавлӣ баромаданд: Аҳмадҷон - ба як тараф, Тоҷихон ба дигар тараф ба кофтукови Райҳон рафтанд.

Тоҷихон қадре роҳ гашта, дар атроф духтарашро надид ва дар сари роҳ истода ба андеша фурӯ рафт. Райҳон ба куҷо рафта бошад?
Дар ин лаҳза нохост чашми вай ба гурӯҳи одамоне афтод, ки аз ӯ сад қадам дуртар, ба болои роҳ ҷамъ

пешина
аз 349
навбатӣ