Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
шуда буданд. «Чӣ ҳодиса рӯй дода бошад? — фикр кард Тоҷихон. — Мабодо мошин...» Аз ин фикри мудҳиш танаш ба ларза омад, дилаш сахт тапшида, якбора ранги рӯяш парид. Вай дар худ бемадорӣ ҳис кунад ҳам, ба сӯи ҷамъомади мардум давид. Дар андак фурсат худро ба он ҷо расонида, донист, ки мошин ҳеҷ касро зер накардааст. Боиси ҷамъомади мардум он будааст, ки ҷавони кӯҳистоние ду хирсҷаро аз кӯҳ дошта гирифта, ба шаҳр овардааст ва намедонистааст, ки онҳоро ба куҷо бурда супорад. Одамҳо ба ӯ ҳар хел маслиҳат медоданд: баъзеҳо мегуфтанд, ки ба боғи ҳайвонот супор, қисми дигар (хусусан бачаҳо) хоҳиш менамуданд, ки ба маркази табиатшиносони ҷавон барад.
-
Хайрият, — гуфт Тоҷихон худ ба худ ва боз ба ҷустуҷӯ даромад. Дар ин байн Аҳмадҷон аз даруни боғчаи ҳамсоя Райҳонро ёфта оварду гуфт:
-
Ту қаҳр карда рафтӣ, модарат ҳам аз хона баромада рафт... Ош хунук шуда монд, ҳамин корат дурустаст?
-
Не, — ғурунғӣ кард Райҳон.
-
Пас аз ин боз вайронкорӣ мекунӣ, ё ки акнун тавба кардӣ?
Райҳон сарҳамкунон хомӯш истоду гап назад.
-
Чаро гап намезанӣ? Ту духтарчаи нодон нестӣ, дар боғча тарбия мегирӣ, ин корҳоятро мураббия ва дугонаҳоят шунаванд, чӣ мегуянд?
-
Ман қайчибозӣ намекунам, — гуфт ба чашми падараш нигоҳ накарда Райҳон. Дар ин дам аз дар монда шуда, дар ҳолати пуриэтироб Тоҷихон даромада омад. Райҳонро дар хона дида, ба танаш ҷон даромаду лекин аз мондагӣ ба курсии аввалин нишаста пурсид:
-
Дар куҷо будааст?
Аҳмадҷон аз куҷо пайдо шудани духтарашро гуфта, илова кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё