Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дўстро зуд душман тавон кард, аммо душманро дўст гардондан душвор бувад.
Унсурулмаолии Кайковус

Чаро дўст хонӣ касеро, ки душмани дўсти ту бувад?
Унсурулмаолии Кайковус

Киро пайванд гардад ошноӣ,
Набошад ҳеҷ дарде чун ҷудоӣ.
Фахриддини Гургонӣ

Ҳама вақте тавон ҷустан ҷудоӣ,
Валекин ҷуст натвон ошноӣ.
Фахриддини Гургонӣ

Аз бадхоҳ бадтар аст ёри нодон.
Фахриддини Гургонӣ

Ба сад сол як дўст ояд ба даст,
Ба як рўз душман тавон кард шаст.
Асадии Тўсӣ

Ғами он касе хўрдан оин бувад,
Ки ў бар ғамат низ ғамгин бувад.
Асадии Тўсӣ

Задан чўби сахт аз яке дўстдор
Беҳ аз бўсаи душмани зишткор.
Асадии Тўсӣ

Киро дўст дорию коми ту ўст,
Ҳар оҳўшро ҳамчунон дор дўст!
Асадии Тўсӣ

Чу дастат расад, дўстонро бипой,
Ки то дар ғам оранд меҳрат ба ҷой!
Асадии Тўсӣ
Насиҳат бишнав, ар талх ояд аз ёр,
Ки дар охир ба ширинӣ расад кор.
Чу касро ёри дигар ёр гардад,
Ба ҳар озор кай безор гардад?!
На бар ҳазл аст кори ёру ёрӣ,
Ки сидқу эътиқод омад ба ёрӣ.
Ба ёрӣ–дар фаровон кор бошад,
На ҳар, к-аш ёр хонӣ, ёр бошад.
Дило, ёре талаб, гар метавонӣ,
Чунон ёре, ки бар вай ҷон фишонӣ.
Носири Хусрав

Аз қарини бад ҳазар бояд-т кард,
К-аз қарини бад биёлояд қарин.
Носири Хусрав

Касеро марди оқил дўст хонад,
Ки ў дар неку бад бо дўст монад.
Носири Хусрав

Саге, к-аш бо ту пайванд аст ҷонӣ,
Беҳ аз ёре, ки дорад саргаронӣ.
Носири Хусрав

Чу ёбӣ дўсте, сахташ нигаҳ дор,
Ба сустӣ доманаш аз даст магзор!
Носири Хусрав

Кадомин дўст, к-ў аз дўст нозад,
Чу кор афтад, ба ҷон ҷонро бибозад.
Носири Хусрав

Куҷо он дўст рози дил бипўшад,
Ба кори дўстон бо ҷон бикўшад.
Носири Хусрав

пешина
аз 331
навбатӣ