Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Туро гар дўсте бояд сазовор,
Хирадро кори худ кун дар ҳама кор.
Носири Хусрав
Беҳини дўстонро он касе дон,
Ки ў роҳат намояд сўи эҳсон.
Носири Хусрав
Набошад дўст ҷуз оинаи дўст,
Ба ҷону дил ҳам он ину ҳам ин ўст.
Носири Хусрав
Фикандан дўстӣ бо кас салим аст,
Вафо бурдан ба сар коре азим аст.
Носири Хусрав
Бибояд фарқ кардан душман аз дўст,
Ки донистан зи душман дўст некўст.
Носири Хусрав
Ҳар дил, ки асири меҳнати ўст, хуш аст,
Ҳар сар, ки фидои сари он кўст, хуш аст;
Аз дўст ба новаки ғам озурда машав,
Хуш бош, ки ҳар чи ояд аз дўст, хуш аст!
Умари Хайём
Дўстият мабод бо нодон,
Ки бувад дўстиш офати ҷон.
Абдулмаҷди Саноӣ
Аз ёр ба ҳар захме афгор набояд шуд,
Аз дўст ба ҳар ҷавре безор набояд шуд.
Абдулмаҷди Саноӣ
Ёри ҳамкоса ҳаст бисёре,
Лек ҳамдард кам бувад ёре.
Абдулмаҷди Саноӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё