Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
4
Сохти сифатҳои матнро аниқ кунед.
КӮҲИ ҲАФТСАР
Осмон хеле сафед шуда, ба замин низ равшанӣ мебахшид. Аз паси абрҳои хокистарранги тунук, хира бошад ҳам, гоҳ-гоҳе қурси офтоб ба назар мерасид. Ҳатто дидан мумкин буд, ки вай дар муҳити бекарони худ чӣ зайл оҳиста шино мекунад. Замини аз оби раҳмат осуда нафас мегирифт. Насими серуни баҳорон суст ва гӯё бо дили хоҳам-нохоҳам вазида, шохаҳои дарахтонро базӯр меҷунбонид. Сабзаҳои рӯи ҳавлӣ тар, тоза ва хушрангтар шуда буданд. Кӯҳи Ҳафтсар, ҳафт қуллааш сап-сафед, чун ҳазорон сол муқаддам дар мақоми худ босалобат ва устувор меистод. Аз як гӯшаи айвон мусичае «ку-ку...» мегуфт. Аз куҷоҳо тоқа-тоқа ё ду-ду ғунҷишкакон парида омада, ба лаби боми айвон менишастанд; чириқ-чириқ мекарданд ва боз ба ҳаво мехестанд. (119 калима)
Саттор Турсун
5
Аз матн феълҳоро ёбед.
ҲАЁТИ ДЕҲА
Чашмам ба қитъаҳои якранги ғӯзапояҳою аз нашъаи тирамоҳу... вуҷудам ҳавои софи паси борон ҳаловат мебурд. Ва ин рӯзи офтобӣ бо кӯҳу пуштаҳои бар дӯши ҳамдигар такя задааш, бо дарахтони хазонрезаш, бо подаи дар хами теппаҳо овораи чарояш, бо абрҳои сафеди парешону селаи ғунҷишкакони беқарораш ёди деҳаро дар дилам бедор мекард. Хаёлам бо селаи ғунҷишкон парида, аз сари ёлаҳои сафед мегузашту дар паси абрҳои нарму шафақандуда тарҳи ҳираи он диёри хира гӯё зинда мегашт. Садои бош-бошу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё