Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
ҳой-ҳойи подабонҳо, шир-шири чанори дукӯшаи пушти
дарвоза, хиш-хиши ҷорӯби модар, ҳангомаи хушҳолонаи
кӯдакон, ки ғарами баргҳои хазонро алов зада, бо шӯру
мағал аз рӯи он меҷаҳиданд, чун оҳанги дардошнои
вуҷудамро навозиш мекард. (111 калима)
Бароти Абдураҳмон
6
Матнро хонед, аъзоҳои ҷумларо муайян кунед.
ТАМОШОИ МАНЗАРАҲО
Мошин, ки то ба ҳол ба як маром пеш метохт, дар нимароҳи Даҳаникиик-Душанбе бо хоҳишу таманнои Нусратулло суръаташро суст кард, ба дасти рост ба оғӯши себу ангурзорҳо, ки дар ин фасл ғарқи пухта буданд, дохил шуд ва бо тасмаҳои мумфарш печутобхӯрон ба теппаи баланду дилписанде тозон баромада, дар саҳни бинои сапсафеду зебо, дар иҳотаи гулу гулзорҳои рангобаранг қарор гирифт.
Саворон, ки аз кӯфти роҳ, маъмулан, хаставу лоғар шуда буданд, манзили ободу маъмурро дида, худро аз ҳавои тафсони кабина саросема берун гирифтанд ва ба зудӣ ҳавою насими серун ва тару тозаи ин мавзеъ ба тану тӯшашон дармон шуд ва тамошои манзараҳои беназири гирду атроф – талу теппаҳои сурху зард, ангуру себзорони хуррам нигоҳҳояшонро ҷозибадору пурмеҳр гардонид. (115 калима) Ибод Файзуллоев

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё