Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

НАСИМИ ДАРЁ

Роҳи камбари бечангу ғубор аз кад-кади дарёчаи пуршӯри кӯҳсор мегузашт ва тамоми хаму ростшавиҳои дарёчаро айнан такрор карда буд. Дарёву роҳ дар мобайни дараи танге воқеъ шуда, аз канори роҳ девораи сангини кӯҳҳо боло рафта буд. Баръакси дашт, кӯҳсор сабзу хуррам буда, насими серуни дарё бӯйи як гулҳои кӯҳиро ба димоғ оварда мезад. Дар баъзе ҷойҳо ҳатто дар қуллаи кӯҳҳо бадани оҳанини сангҳои хороро шикоф карда, дарахтони писта баромада буданд. Дар осмони нилгуни дара як порча абри дарозе лангар партофта буд ва ба оби каб-кабуди дарё нигоҳ накарда, гумон кардан мумкин буд, ки аз осмон тасмаи борику дарозе бурида, ба мобайни дара партофтаанду ба ҷойи он абрро дарбеҳ кардаанд. (112 калима)

Пӯлод Толис

БЕГОҲӢ ДАР ГУЛИСТОН

Дар Гулистон шаб мешуд. Офтоб ба сӯи ғарб хамида, дар нӯги кӯҳҳо шӯълаи охирини он боқӣ монда буд. Як-ду порча абре, ки ба қуллаи кӯҳ нишаста буданд, домани худро аз шӯълаҳои охирини офтоб заррин намуда, ба болиштҳои паре, ки канораи зардӯзӣ дошта бошанд, монанд буданд. Дар тарафи дигар ба боли кӯталҳо моҳи сездаҳ-чордаҳшаба намудор шуда, ба қишлоқ нигоҳ мекард. Дар поён дашту кӯҳсор, водии васеъ ва тамоми қишлоқ... ба оғӯши шаб медаромаданд. Дар атрофи қишлоқ чанг доман кушода меистод. Насими форам аз боли наҳрча бархоста ба атроф паҳн мешуд. Бузу бузгола, гову гӯсола ва гӯсфандон аз чаро

пешина
аз 275
навбатӣ