Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Довуд шарфаи пойро шунида, худро паси хайма гирифт. Маннон хотирҷамъ баргашту сӯҳбатро давом дод.

  • Барои ҳамин бо ҳар роҳе аз ӯ халос шудан даркор.
  • Чӣ тавр?
  • Ба инаш кори ту абошад, - Маннон ба нуқтае чашм дӯхт. - Алҳол, пайти муносиб меҷӯям. Дар бораи ҷиҳози тӯй бошад, ягон илоҷ меёбем.
  • Падарҷон, - ба зорӣ даромад Партов. - Биё аз ин фикрҳои беҳуда даст бикашем.
  • Аз кӯдакият фиси бинӣ будӣ! - ба болои гилем туф кард Маннон. - Барои анҷоми ин мақсад фурсати муносиб пойида истодаам...
    «Пайти муносиб...» - ин сухан ба майнаи Довуд чун путк мезад. Ба пораҳои сиёҳи овезони абри ваҳмангез дида дӯхта, дахмарда аз дил гузаронд: “Маннон ҳамин рӯзро дар назар дошта бошад?” Рама торафт ба дара наздик мешуд. Дар чарогоҳи нопайдоканор пас аз ҳамин гардишу теппаи охирин гӯсфандон ба дара медаромаданд. Ин дафъа сӯҳбати Маннон пеши рӯяш омад.
  • Ту, Довуд, ба сари ман аз кадом гӯру лаҳад пайдо шудӣ? - вақте ки чӯпон дари кутанро мебаст, дахмарда дар рӯ ба рӯяш рост шуд.
  • Нони шуморо нимта накардаам, - Довуд ҳайрон ба чеҳраи аз ғазаб качу килеби сарчӯпон нигарист. - Худатон шоҳид будед, ки маро бойбобо аз назди бозори Бойсун гирифта овард. - Аз тарафи дигар, ризқамро ҳалол ба даст меорам. На мисли баъзеҳо...
пешина
аз 164
навбатӣ