Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Арабистони Саудӣ) доранд, ҳамкории Тоҷикистонро бо ин кишварҳо аҳамиятнок менамояд.
§ 5.5. Бунёди бозори умумии давлатҳои Араб
Раванди ҳамгироие, ки солҳои 50-ум тамоми қитъаҳои ҷаҳонро фаро гирифта буд, давлатҳои арабро низ дар канор нагузошт.
Дар ин солҳо бо пешниҳоди нафти арзони худ дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи давлатҳои араб якбора баланд шуд ва дар солҳои баъдӣ яке аз омилҳои асосии авҷгирии дараҷаи баланди истеҳсолоти ҷаҳонӣ гардид.
Даромади миллии кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт чун Арабистони Саудӣ, Либия, Миср, Ироқ бо суръат меафзуд.
Дар натиҷаи чунин шароити мусоид хазинаҳои як гурӯҳ кишварҳои араб беҳисоб бой шуда бошанд, аммо қисми зиёди аҳолии дигари ин кишварҳо дар ҳолати начандон хуб зиндагӣ мекард.
Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои арабро аз тарафи дигар зиддиятҳои дохилӣ ва ҷангҳое, ки байни баъзе кишварҳои алоҳидаи ин қитъа рӯй дода буданд, тезу тунд мегардонид.
Соли 1970 бо мақсади муттаҳид намудани кулли кишварҳои Шарқи Наздик ва мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодии онҳо, ҳамоҳангсозии сиёсӣ ва амали ин кишварҳои араб, Ҷомеаи давлатҳои араб бунёд карда шуд, ки он пеш аз ҳама беҳбудии тамоми миллатҳои ин минтақаро таъмин мекард.
Ба ҳайати он кишварҳои Шарқи Наздик (Ироқ, Урдун, Ҷумҳурии Ямани Араб, Ямани Демократӣ, Либия, Кувайт, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Қатар, Лубнон, Мавритания, Сурия) ва кишварҳои Африкаи Шимолӣ (Алҷазоир, Миср, Маврикия, Марокаш, Сомалӣ, Тунис, Уммон, Арабистони Саудӣ ва Фаластин) дохил гардиданд.
Барои амалӣ намудани мақсадҳои иқтисодии худ солҳои аввали бунёд дар қароргоҳи марказии Ҷомеаи кишварҳои араб, ки дар шаҳри Қоҳира ҷойгир мебошад, якчанд кумитаҳои махсуси иқтисодӣ бунёд карда шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё