Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

*Шаклан инсон, мазмунан шайтон.

*Шаклан бегунаҳ, мазмунан рўбаҳ.

*-- Шунидам, китобат чоп шудаст? Муборак шавад?
-- Раҳмат. Вале афсўс, муқоваашро ончунон тунук кардаанд, ки бо як варақ задан варақҳояш канда мешаванд.
-- Парво накун, онро касе варақ намезанад…

*-- Мегўянд, суғур фақат хок хўрда, рўзи худро мегузаронад?
-- Хайр? Мо чӣ мехўрем? Магар ризқу рўзии мо ҳам аз хок нест?

*Заминро аз авҷи кайҳон нигаристам: Одамон шабеҳи мўрчагонанд, ки ба лундаи наботе часпидаанд.

*Қасам махўр, агар имонат комил набошад.

*Бузургтарин кас он аст, ки бузургтарин гуноҳи касро бубахшад.
Худо бузург аст!

*-- Мегўянд, дар ким-куҷое, бо амри Худои таоло, як одам хар шудааст?
-- Ин ҳеҷ ҷойи аҷоибӣ надорад. Аммо агар гўянд, ки харе одам шудааст, бовар кардан мушкил аст!

*Иншоолоҳ, то мурдан зинда хоҳам буд!

*Беҳтарин савоб он аст, ки гаҳворае биҷунбонӣ ва тифлеро бихобонӣ.

*Агар роҳ дароз аст, рост нест, в-агар рост аст, дароз нест.

пешина
аз 208
навбатӣ