Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

*Худои мутаол натавонист сохтан Замину осмонро бо бузургӣ ҳамчун меҳри Модар ба фарзанд.

*Бо Худо дўстӣ намо, бандагонаш туро дўст доранд.
Дўстдори бандагон бош, Худо дўсти ту хоҳад буд.

*Аз дидори ҳабибон аз худ меравам ва чун рақибонро мебинам, ба худ меоям.

*Тифл дар якмоҳагӣ хандаро меомўзад. Аммо баъзе аз калонсолон ба пирӣ мерасанду боре ҳам лабонашон ба ханда моил намешавад.

*Оне, ки бораш ба пушт аст, заминро намебинад.

*Аз кирм метарсӣ, морро надидаӣ!

*Ё тавба! Бо сабаби низои оилавӣ дар сари қаҳр ба завҷааш гуфт:
-- Се бор се борӣ талоқ!

*Хасис аз ҳоҷатхона баромаду аз дил гузаронд, ки чизеро афтондааст ва гашта даромад.

*Азамати гурба паланг аст; азамати калтакалос тимсоҳ; азамати моҳӣ наҳанг. Азамати одам дев аст. Ин афсона нест, ҳақиқат аст, бовар кунед!

*Дар сўҳбате, ки атрофи тандурустист, яке ва ё ҳамагон дарде доранд.

*Гуфт:
-Бубахшед, мани бандаи пургуноҳро! Одамӣ-да, кас дар як сол як бор хар мешавад…
Хар инро шуниду шарм кард.

пешина
аз 208
навбатӣ