Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
*Аз макри Калта ва аз кинаи Дароз битарсед.
*Пир, ки шудӣ, хабари фавти одамон бештар ба гўшат мерасад.
*Ҷабрдидае, ки ба мўҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, ба прокурори мўсафеди шаступанҷсола таҳдид кард:
-Аз маҳбас бароям, мекушамат!
Прокурор гуфт:
-- То ту аз маҳбас мебароӣ, ки ман худ мемурам!
*Ҳангоми қаҳру ғазаб дар танҳоӣ худ ба худ ҳақорат мадеҳ, ки дар назди ту ғайри Худо касе нест!
*Аз паси ҳар яки мо касе доимо пойида мегардад.
Ў ҳолдон ва ҳамнишини мост.
Яке гуфт:
-- Раҳмат ба Шайтон, ки девори қаҳригиро аз байни ману ҳамсараш бардошт.
*Шукуфтани гулҳоро мушоҳида карда бошӣ, шукуфоии зиндагиро эҳсос хоҳӣ кард.
*Камбағал бошӣ, қайла, мурғбирён, ҳасиб, сихкабоб махўр, ки ба саломатӣ зиён доранд.
*Ҳавас мехўрӣ, аз нав кўдак шавӣ?
Сабр кун, пири фартут, ки шудӣ, ба он рўз мерасӣ.
*Тобутеро мебурданд. Пире раҳгузар диду гуфт:
«Бирав, бирав, ман аз пасат меоям…»
Ўро девона пиндоштанд.
*Агар ҳафтодсолаӣ, бигў: «45 сол умр дидам».
Зеро 25 соли он бо хоб гузаштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё