Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
*Шароб барои рафъи андешаи дунёст, на барои андешаи дунё.
*Шикояти дунё пуф аст, ҳамчун садои дилхароши най. Вале на ҳар кас пуф кардан метавонад.
*Маро ба яке ҳукм кардан зулм аст, ба яке итоат кардан таҳқир.
*Мардум як бори осмон бар дўш дорад, подшоҳ ҳафт бори осмон.
*Аз чунин касон эҳтиёт бояд кард: «Саратро сила карда, сила карда, банохост кашидаву кушода чунон ба рўят шаппот мезананд, ки аз чашмонат оташак мепарад!
*Беҳунартарин касест, ки намедонад, Худои мутаол ба вай чӣ ҳунаре додааст.
- Сахт задани дар ҳам, ҷанг бо соҳибхона аст.
*Аз навиштаҷоти пойтахт: «Дустонатонро ҳатман бо собун шўед».
Шояд «дастон» бошад?
*Вазир қабл аз ҷаласаи ҳукуматӣ сари ангушт ба ҳар ду китфонаш давонда салиб кашид.
Дар фарҷоми ҷаласа даст ба рўй бардошта «Оллоҳу Акбар!» гуфт.
*Яке аз зиндагӣ дилмонда буд, гуфт:
-Ай Худо! Чанд соли дигар монда, то мўҳлати ҷазои туро адо кунам ва аз маҳбаси ин дунё раҳоям созӣ?!
*Ҳама Худоро «ту» мегўяд, баъзе занашро «Шумо».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё