Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

*Яке гуфт:
-Ҳамду сано сайёдеро, ки ба ҷонваре тир наяндозад!

*-Китоби навам чоп шуд, хондед?
-Бубахшед, ман ҳам мисли ту нависандаам, на хонанда.

*Мансабдоре зердасти худро, ки дар сину сол аз вай даҳ сол калон буд, пурсид:
-Бачам, чӣ хел?

*Беҳтарин дузд дарбон мешавад.

*Аз шиори ҳукумати шаҳри Душанбе:
-Дар пойтахт 60 соли ободонӣ ва кабудизоркунӣ эълон шудааст.
Ба онҳое, ки аз 60 гузаштаанд, дахл надорад.

*Аҷалаш, ки расид, ромкунандаи морҳо шуд.

*Рўзаро хўрданӣ бошӣ, ниҳон аз чашми одамон бихўр.
Худо раҳим аст, мебахшад, вале бандагонаш намебахшанд.

*Аз дўсти ҳиллагар бо ҳила ҷудо мешаванд. Вагарна ў душман хоҳад шуд.

  • «Аздусар ба ҷанозаи ман намеояд»- гуфта, ба ҷанозааш нарафт.

*Онон, ки дунёро парастанд, бар хок раванд, онон, ки Худоро парастанд, бар афлок.

*Ўро масхараву мазоҳ карда ба ҷонаш расониданд.
Болои курсӣ баромада, гуфт: «Худамро мепартоям!»
Базўр нигоҳаш доштанд.

пешина
аз 208
навбатӣ