Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
*Дар пирӣ аксар онҳое диндорони ашадӣ мешаванд, ки дар ҷавонӣ гунаҳкорони ашадӣ буданд.
*Ду лаҳза дар хотири ҳеҷ кас боқӣ нахоҳад монд:
Лаҳзаи таваллуд ва лаҳзаи ҷон кандан.
*Ҳама гуна дороӣ бароям он вақт боиси ифтихор хоҳад буд, ки дигарҳо надошта бошанд.
-
Аз худ муҷассамаи ҳақ матарош, ки ба зудӣ мешикананд.
Бигузор, муҷассамаи туро (дигарон) тарошанд, ки дершикан хоҳад буд. -
Як қадаҳ шароб як ҷуръа фазилати инсониро кам мекунад; як ракъат намоз як ракъат сифати инсониро зам.
-
Ба хотири ҷалби бештари харидорон дар танаи шишаи арақ навиштанд: «Ҳалол».
-
Баъд аз намоз хондан шароб бихўрӣ, худро фиреб медиҳӣ.
Пас аз шароб хўрдан намоз бихонӣ, Худоро мефиребӣ. -
Вақте ба демократия бовар хоҳам кард, ки дар шафати масоҷид майхонаҳо бунёд намоянд.
-
Доно дарахтро об доду сабзонд. Аблаҳ ба бехи девор об рехт, то бияфтад.
-
Имшаб хоб дидам, ки дар ҳалқаи бадмастон афтодаам.
Аз бўйи даҳани онҳо ончунон маст шудам, ки саҳар калавида аз хоб бархостам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё