Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ваҳшӣ Мерган ҳамин тавр кардааст. Кофирзанак ҷигари Амир Ҳамзаро хом хӯрда, дили қасосталабашро таскин додааст.
Чашмони қориҳои ҷавони мо ҳангоми шунидани ин ҳикоят аз барқу шуълаҳои ҷанговарона медурахшиданд ва худи қориҳои ҷавон дар ҷои истодаашон беқаророна пой мекӯфтанд. Агар дар он лаҳза дар ҳамин қарибиҳо лашкари куффор мешуд, аминам, ки ба набудани Зулфиқор ва Дул-дул нигоҳ накарда худро ба майдони корзор меандохтанд.
Он рӯз инчунин панҷ масҷидчаи ба ҷои аввалин намозгоҳҳои пайғамбар паҳлуи ҳамдигар сохташуда ва масҷиди Қуборо зиёрат кардем. Қабл аз ворид шудан ба масҷиди Қубо Қориака таъкид карданд, ки мартабаи ин мавзеи муборак басо баланд аст ва онро фақат баъди каъбатуллоҳ дар ҷои дувум номбар кардан лозим аст.
Дар пеши меҳроби масҷид ду ракъат намоз хонда шуд.
Ҷӯраи ман Мулло Исрофил қуръон тиловат кард. Баробари аз ҷой бархостан имоми масҷид давон омада гуфт, ки бахшише бояд бидиҳед, то ки ҳаҷҷатон қабул гардад. Азбаски риёл тамом шуда буд, ҳоҷӣ Абдухалилака ба ӯ чанд доллар дод. Дуо гирифтем.
Пас ходими дигари масҷид омад. Гуфт, ки ӯ мутаваллист.
Ӯ низ чанд доллар гирифта, дуои ғафсе кард.
Ҳангоме ки аз зинаи Қубо мефаромадем, боз як ходими масҷид пеши роҳамонро гирифт ва гуфт, ки ба хотири қуръони шариф бахшиш бидиҳед. Далели ӯ басо зӯр буд ва ҳамёни умумии гурӯҳамон боз андак сабуктар гардид. Хайрият, пешсафони гурӯҳ қадаммониашонро тезониданд, вагарна шумораи мансабҳо ва чизҳои муқаддасе ки сазовори бахшиш бошанд, дарвоқеъ ҳам аз пули дар кассаи мо монда калонтар буд.

пешина
аз 247
навбатӣ