Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Зотҳое ҳастанд, ки ягона тасаллои хотирашон рӯйхати занҳои фирефтаашон аст. Номус ё шараф барин чизҳо барои онон сухани пучу садои холист.
Аммо ҳамон махлуқҳо ҳам то ба ин дараҷа намерасанд.
Чӣ қуввае ҳазрати эшонро водор мекунад, ки ин чизҳоро ҳикоя кунад? Хоҳиши шунидани таърифи ҳамкасабаҳо? Ё оҷизии ақл, ки дар ин синну сол номаълум ба вуҷуди баъзе касон реша медавонад? Ё оҷизии тан, ки эшонро ба лаққигии фоҳиш тела медиҳад ва ба ҷои он ки ба ивази қуввати ҷисмонӣ ҳусни рӯҳонӣ бахшад, ба рӯи онҳо, ба чашмони онҳо як тобиши ғиҷиноваре нақш мекунад?
Ба хона баргаштам. Суҳбати ҳоҷиён ҳамчунон дар авҷ буд.
Эшони мушкилкушо акнун ба қисми ресептдиҳӣ, яъне маслиҳат гузашта буд ва муъҷизаҳои сақанқурро таъриф мекард.
Сақанқур як навъи калтакалоси биёбонӣ будааст. Онро кушта хушк мекардаанд, сонӣ кӯфта, талқонашро мехӯрдаанд. Ҳамчунон доруе ки шаҳвати одамро меафзудааст ва ба пирон гӯё ҷавонии дубора мебахшидааст.
… Шабона Маҳмуд Султон дар рӯи ҳавлӣ бо хизматгоронаш давуғеҷ дошт. Аз ҳавлии дарун овози гиряи писари хурдии эшон ба гӯш мерасид. Кӯдаки панҷсола ба дарди трахома гирифтор буд.
Сигарета дуд кунонида ба рӯи ҳавлӣ баромадам. Аз болохона оҳу воҳи ҳоҷиёни пири дардманд шунида мешуд.
Гоҳ-гоҳе аз дуру наздик ҳангоси харе ё аккоси саге ба гӯш мерасид.
Ситораҳои осмони паст ва сип-сиёҳи Арабистон фориғболона чашмак мезаданд. Дар адл миёнаи гумбази осмон – галаситораи Ҳафтдодарон. Ситораи Тарозу гӯё ба навдаи дарахти хурмо ҳамел шуда меистод. Ҳазрати парвардигор сохтмони коинотро ҳатман дар шаш рӯз ба анҷом расонам гуфта, шитобкунон ҳамаи мувозинатро ба ҷисмҳои осмонӣ бахшидааст.

пешина
аз 247
навбатӣ