Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Савтҳои ботамкини бомалоҳат гоҳо алмоспораҳои баҳампайваста барин паси ҳам баромада оламро аз ҷилою дурахши форам пур мекунанд. Гоҳ дар пеши назаратон осмони софи аз шафақи субҳ андаке лолагун пайдо мешавад, ки дар қаъри он турнаҳо болзанон ба сӯи ватани худ мераванд. Нохост атроф, замину осмон, ҳамаи коинот аз хитоби шоир пур мешавад:
Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо!
Мутриб, бигӯ ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо!
Оре, ин маҳз хитоб аст, хитобе ки дар он ҳам тантанаи дили озод, ҳам машаққатҳои ба хотири он кашидаи шоир ифода ёфтаанд.
Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем
Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо!
Зй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо… Шурби мудоми мо…
Касе сахт сулфа кард. Ин Исрофил будааст, ки қасдан бараои ҷалб кардани диққати ман сулфа мекард. Исрофил дар болои сарам рост меистод. Дар таки дари ҳуҷра хизматгори ҷосуснамои эшони Маҳмуд Султон, диккак нишаста заҳрханда мекард. Аз паси тиреза Мулло Ӯроқаака, Темурҷонқорӣ ва Мулло Тешабой бо ҳайрат ба камина менигаристанд.
Худро фаромӯш карда, сурудро бо овози баланд хондаам.
Арвоҳ занад ин маҳбусиро, ба асабҳоям таъсири ногуворе расонидааст.
Арақи сару рӯямро пок карда, ба чойхонаи сари кӯча баромадам. Чой нӯшида, ба девори дағар-буғури сиёҳи чойхона менигарам, то ки хаёлам парешон шавад. Сақич мешуд, мехоидам, хаёлҳои азиятовар аз сарам даме дуртар мерафт.
Ҳоло аз баққол як киса сақичи америкоӣ хоҳам харид. Аз афти кор, то ба ватан расидан бисёр лозим мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё