Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
«САФАР МАФӢ»
Субҳи рӯзи панҷум овоза шуд, ки дар аэропорти Ҷаддаи муборака парерӯз, яъне 13 май панҷоҳ нафар ҳоҷӣ мурдааст.
Ҳамин қадар мусофирон дар бандари баҳрӣ низ шаҳид шудаанд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки вабо омадааст ва бечораҳо аз он балои ногаҳонӣ мурдаанд. Дигарон мегуфтанд, ки офтоб куштааст: одамони ба тайёра ва киштиҳо мунтазир чунон бисёр буданд, ки аз офтоби майнасӯз саарпаноҳе ёфта наметавонистаанд.
Дар андоми ҳамсафарон аломати мотам сикка зад. Болои сӯхта намакоб, ҳоҷӣ Абдухалилкака нақл мекард, ки солҳои пеш дар маросими ҳаҷ ҳазорон-ҳазор ҳоҷиён ба ҳар гуна дардҳо гирифтор шуда ё офтоб зада мемурданд.
Дар Минои муборак ҳар рӯз хабари фавти чанд ҳоҷиро мешунидем. Он гоҳ ҳамсафарон мегуфтанд, ки «одами мурдагӣ батолеъ будааст. Дар остонаи Маккаи мукаррама ё Мадинаи мунаввара мурдан ғояти хушбахтист». Ҳоло ин овоза боиси хурсандӣ нашуд. Аз афташ, бародарон акнун ба шаҳид шудан чандон шитоб намекарданд.
Эшони Маҳмуд Султон шахсан омада маро таклиф намуд, ки ҳамроҳаш ба идоратулҳаҷ биравам.
– Кӯчаҳоро тамошо карда меоед. Дар кунҷи хона зиқ шуда мешинед-мӣ? – гуфт эшон.
Ман Исрофилро кашола кардам ва секаса ба кӯча баромадем. Аз саволи дирӯзаи Исрофил ба дилам ташвиш афтода буд. Мабодо, мегуфтам, дар зери косаи илтифоти ҳазрати эшон нимкосае бошад.
Эшон пешопеши мо чобукона қадам партофта, номи маҳаллаҳо, масҷидҳои сари роҳро гуфта мерафт. Дар хиёбон-
1 чае ки ниҳолҳои ду-сесолаи нимпажмурда дошт ва алафи
1 Боғҳо ва полезҳои Мадина, ҳамчун дигар мавзеъҳои Арабистон, бо оби кашондани чоҳ сабз мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё