Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
зери ниҳолҳоро мусофирон дар талоши соя поймол карда буданд, ҳазрати эшонро як гурӯҳ ҳоҷиёни Эрон миёнагир карданд. Ҳамаи онҳо баробар аз тамом шудани кисахарҷи худ шикоят карда, зудтар ба сафар иҷозат гирифтани эшонро талаб мекарданд. Эшон бо ваъдаи фаровон домани худро аз дасти мусофирон вораҳонида, боз ба роҳи худ давом намуд.
Бинои дуқабатаи идоратулҳаҷ аз одам лиқ пур буд. Дар мобайни роҳрави ашёнаи дуюм марди бузургҷуссае истода, ба атрофиёнаш якзайл ҷавоб медод – ба онҳое ки аз рӯзу соати сафар мепурсиданд:
– Сафар мафӣ, бас! – мегуфт.
Ба онҳое ки оё ягон хабари тоза ҳаст, гуфта савол медоданд:
– Хабар мафӣ, бас! – мегуфт.
Ҷавобгирифтагон аз пеши мансабдор навмедона дур мешуданд, ҷои онҳоро зуд навомадагон ишғол мекарданд.
Мансабдор ҳам рӯи худро гоҳ ба ину гоҳ ба он сӯ гардонида, тӯтивор такрор мекард:
– Сафар мафӣ, бас!
– Хабар мафӣ, бас!
Ҳазрати эшон аз идоратулҳаҷ баромада, бо як тантана гуфт:
– Ман ҳозир шуморо ба як ҷо мебарам, ки кайф мекунед.
Он ҷоро «Аз-зуҳур-ал-кузино», яъне кузинои нав мегӯянд.
1 Кузинои навашон боғчае будааст, ки аз сатҳи кӯча тақрибан се метр пасттар воқеъ гашта буду камтар аз ним таноб вусъат дошт. Дар як самти боғча айвоне пӯшида шуда буд ва дар як гӯшаи айвон мизи паҳни пинг-понг (тенниси рӯимизӣ) меистод. Эшон ба ин миз ишора карда, бо ифтихоре гуфт, ки шабонгоҳ дар ин кузино ҷавонон ҷамъ омада, гоҳ-гоҳе пингпонгбозӣ мекунанд.
Ин ягона бозии мадании спортӣ буд, ки дар бадали дуним
1
Аз калимаи франсавии казино, ки як навъ клуб ё қиморхона, ё ҷои истироҳат ва ҳар гуна бозиҳоро ифода мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё