Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ҳафтаи мусофират дар ин кишвар медидам. Дар мамлакате ки театр ё қасри маданият он сӯ истад, ақаллан ягонта кинотеатри майдаяке надошт, мизи пинг-пинг дар ҳақиқат нишонае аз олами аҷоибот буд. Ҳанӯз дар Маккаи мукаррама як духтури дандон нақл карда буд, ки ду сол қабл аз ин додари аълоҳазрати шоҳ – шоҳзода Файсал, ки назар ба бародараш қадре тарафдори ҷорӣ гаштани маданияти нави ғарб будааст, аҳд кардааст, ки дар пойтахти Арабистон якта кинотеатр кушояд. Шайхҳо ва саркардаҳои қавму қабилаҳо аз нияти шоҳзода воқиф гашта, ошӯб бардоштаанд. Онҳо шоҳ Саудро вакилу номаборон карда гуфтаанд, ки агар нияти шоҳзода оид ба сохтмони «қадамгоҳи иблис» рост ва ҷиддӣ бошад, пас дар ин сарзамини маҳбуби оллоҳи таоло ё Файсал бимонад ё онҳо.
Маълум ки амир Файсал аз сохтмони ягона кинотеатр ҳам даст кашидааст.
Дар зери айвони «Аз-зуҳр-ал-кузино» фурсате нишаста дам гирифтем. Ба ҷуз мо ва як хизматгор касе набуд. Вай ба зарфе яхоб овард.
Дар бозгашт эшон моро бо роҳи дигар мебурд ва аз таърихи Мадинаи мунаввара ҳикоят мекард. Ногоҳ қадами худро сусттар карда, аз ман пурсид, ки дар кадом маҳаллаи Самарқанд таваллуд ёфтаам, падарам чӣ ном ва касбу ҳунар дошт. Гуфтам, ки дар маҳаллаи Яланбек таваллуд ёфтаам, касбу кори падарам, ҳатто аслу насаби бобоямро низ баён кардам.
– Яланбек… Яланбек… – хаёломез такрор намуд ҳазрати эшон. – Ҳамин хел маҳалла ҳам будааст-дия?
– Ҳаст, дар сари роҳи Панҷакент. Аз як тарафаш гузари Мирзопӯлод, аз дигараш – Дари Занҷир, аз савумаш – Фақеҳ Абӯлайс...
– Ҳа, ҳа, акнун ба ёдам омад. Ҷои нағз будааст. Худатон ҳам фарзанди одамони дуруст будаед, духтур. Илоҳо, ба камол расед, ҳаловати фарзандонатонро бинед, – дуо кард эшон ва даст ба рӯй кашид.

пешина
аз 247
навбатӣ