Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Исрофил низ омин гуфт. Ман ҳам даст ба рӯй кашида, дар айни замон ба чеҳраи эшон назаре афкандам. Аз қиёфаи ӯ ба ҷуз ифодаи некхоҳӣ ва самимият дигар чизе хонда намешуд.
Эшон ману Исрофилро дар чойхонае нишонида, худ «ҳозир меоям» гӯён ба куҷое ғоиб гардид. Дар пеши чойхона истгоҳи таксиҳои сабукрав будааст. Дар байни сайёраҳои бисёре «Волга»-и худамонро дида, ба наздаш рафтам. Беихтиёр ба қанотҳо, дару тирезаҳояш даст расонида, дар гирдаш давр мезадам, ки соҳибаш маро мусофири ба ягон ҷойраванда пиндошта, давида омад. Пас аз саломуалек пурсидам, ки сайёра чӣ тавр аст, оё ба ӯ маъқул аст?
– Маъқул, ҳовва, кувайис сайёра, кувайис! – гуфт ронанда бо чеҳраи кушод. Вай ҳам ба кузов навозишкорона даст расонида ким-чиҳо мегуфт, зоҳиран, пурдоштӣ ва дар ҳавои гарми биёбонҳои ин ҷо бенозунуз ва хуб кор кардани онро таъриф мекард.
Аз соҳибаш иҷозат гирифта, ба даруни сайёра даромадам.
Пас аз лаҳзае Исрофил низ омада, аз паҳлуям нишаст.
– Хонаро бисёр пазмон шудам, – гуфт ӯ.
Муддате ҳар кадомамон бо хаёли худ машғул нишастем.
Бачаҳои ман ҳозир аз мактаб омадаанд. Эҳтимол, портфелҳои худро аз таки дар ба миёнаи хона ғурронида, дар рӯи ҳавлӣ ба даводаву суросур даромада бошанд. Модарашон гоҳ аз тирезаи ошхона, гоҳ аз лаби айвон сар бароварда онҳоро ҳар замон ба хона даъват мекунад, аммо бачаҳо «ҳозир» «худи ҳозир, бибиҷон» гуфта суросури худро ҳамчунон давом медиҳанд.
Дар поликлиника чӣ гапҳо, чӣ навигариҳо бошад? Шумораи идонаи газетаи девориро чӣ хел бароварда бошанд? Зор монад, худситоӣ шавад ҳам, гуфтан даркор, ки ману Искандар набошем, газетаи деворӣ шавқовар намебарояд. Ягон кас аз газетаҳои республикавӣ сармақола ва як-ду шеъри дарозро гирифта, ба машинка чоп мекунаду мечаспонад, мемонад.

пешина
аз 247
навбатӣ