Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Искандар, яқин дар Маскав аст. Ҳоло муҳлати таҷрибаомӯзиаш дар институти рентгенология ва радиология ба охир нарасидааст. Ҳозир, эҳтимол дар ягон кабинети торик нишаста, аз байни тарҳи хира ва фақат ба рентгенчиён равшани сутунмуҳра, ё устухони кос ҷои иллатнокро меҷӯяд. Ё акси гурда, ё ҷигари бемореро аз назар гузаронида «ҳм, ҳм, хӯш, хӯш» гуфта худ ба худ гап мезанад.
Дар пеши чойхона пайкари майдаяку симобвор серҳаракати ҳазрати эшон намоён гардид. Ману Исрофил аз «Волга»- амон баромада, аз дунболи ӯ равон шудем.
БАРОДАРИ ҚИЁМАТӢ
Қариби хуфтан ба сафари мо иҷозат доданд. Маросими хайрбод бо эшон Маҳмуд Султон басо риққатангез гузашт.
Ғайр аз камина дигар ҳама ҳамсафарони пиру ҷавон, ҳатто Исрофил ҷӯраи ман ҳазратро ба оғӯш кашида, хайрухуш ва изҳори миннатдорӣ карданд ва гуфтанд, ки онҳо акнун бо ҳамдигар бародарони қиёматианд. Қориҳои пир оби дидаи дар ин гуна мавридҳо тайёри худро пок мекарданд.
Дарвоқеъ, меҳмонон аз мизбонии ҳазрати эшон гилае надоштанд. Пас аз ду ҳафтаи зиндагонии нимсеру нимгурусна дар хонаю хаймаҳои Зайнӣ Кӯшак дар ин ҷо рӯзашон бад намегузашт: хӯрокҳои рангоранги болаззат дар вақташ муҳайё буд, ҷои хоб васеъ ва бароҳаттар; ҳатто зиёда аз он ки чашмдор буданд, рӯзе ду-се маротиба шарбати мева, нӯшокии қадимии миллии худамон – гулоби ширин ва хуштаъм медоданд. Соатҳои барои суҳбат боқимондаи ин чаҳор рӯзи гузаштаро ҳазрати эшон бо нақли корномаҳои дар ҳарами худ ва аз они дигарон кардашон зинат медоданд.
Дар хуни банда, аз афти кор, аз иштичаҳои якраҳагию зӯъмӣ бисёр будааст, ки бо ин ҳама меҳрубониҳо худро маҷбур карда натавонистам, ки ҳазратро ба оғӯш кашида видоъ гӯям ва бародар ё падари қиёматӣ хонам.
… Автобуси мо бошаст медавид. Дар ҳар ду соат ронанда дар назди ягон чойхонаи сари роҳ қарор мегирифт. Дар зери айвон ва гирду пеши ҳар як чойхона катҳои чӯбини яккасаи бисёре холӣ меистод, ки дар болои он дароз кашида, аз бардорузани роҳ дам гирифтан мумкин буд, аммо чойхоначиҳо то як риёл музди истироҳат надиҳед, ба кат наздик шуданӣ намемонданд.
Исрофил аз ин муомила дилтанг шуда, ба яке аз онҳо гуфт:
– Аз худо наметарсед, аз бандааш шарм намекунед? Ба ҳар чиз риёл, риёл, риёл гуфта манаҳ мезанед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё