Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Исрофил ба забони бошқирдиаш гап мезад, аммо араб фаҳмид ва:
– Ҳовва, риёл! Риёл! Риёл! – гуфта изтеҳзоомез хандида дур шуд.
Ин дафъа ҳам сайёраи мо аз автобус ва сабукравҳои дигар бошаст пеш гузашта мерафт. Гӯё ронандаҳои мо қасдан шитоб мекарданд, гӯё ба онҳо касе қаблан таъйин карда буд, ки то метавонӣ тезтар бирон, зеро ин тоифа гарчи ҳоҷиҳову қориҳоанд, аз ватани нахустин мушакҳои фалакпаймо омадаанд.
Баробари тулӯи офтоб ба аэропорти Ҷадда расидем. Пас аз фурсате аз шогирдпешаҳои Абдуллои Бухороӣ – ҷавони қадбаланди араб пайдо шуд ва дарҳол ҳамаи моро ба як ҷо ғун карда таъкид намуд:
– Зинҳор ба касе нагӯед, ки аз Иттифоқи Советӣ ҳастед.
Агар пурсанд, бигӯед, ки аз Суудон омадаед ва ба Суудон равонаед.
Ҳм, қоил ман. Дар ҳамаи олами араб одами советиро бинанд, ягон азизу авлиёро дидагӣ барин шодмонӣ мекунанд.
Аммо дар ин ҷо, яқин, амаки америкоӣ бо расму оину феълу хӯяш нағзакак реша давонидааст. Рост мегӯяд мақоле: ту ба ман бигӯ, ки ҳамтабақонат кист, ман ба ту бигӯям, ки худат кистӣ.
Кадом як файласуфи дунёи қадим, ба хаёлам, Диогени юнонӣ, аз инкишофи маданияту аз дигаргуниҳои олам ба танг омада, қарор додааст, к и ба аломати эътироз ба даруни хуме даромада зиндагонӣ кунад. Муддати дарозе ҳамин тавр ҳам кардааст. Як тоифа ходимони давлат будаанд, ки дар асри бистум ҳам хумро манзил кардаанд, вагарна ба ин дараҷа ғофил намемонданд, дунё дигар шудааст, дар ин замона ба ҷуз ҳамзистии осоишта дигар илоҷи зиндагонӣ нест.
Дар аэропорт гӯё замин кафида одам баромада буд. Бинои чаҳорошёнаи аэропорт, рӯи ҳавлӣ ва кӯчаву майдонҳои атрофи он пур аз мусофирон. Дар ҳар хонаи бетирезаи пешкушоди бино то 60-70 нафар ҳоҷиёни марду зан мунтазири навбати худ менишастанд, ё ба рӯи фарши бетонӣ чаппаву роста, пой бар сару сар ба пойи ҳамдигар ғелида мехобиданд.

пешина
аз 247
навбатӣ