Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Дар таки девори роҳравҳо ҷӯяки оби партов сохта шуда буд.
Ҳоҷиён дар сари ҷӯйчаҳо нишаста таҳорат мекарданд. Онҳое ки примус ё карасинка доштанд, дегчаеро монда, дар ҷои нишасти худ атола ё шӯрбо мепухтанд. Бӯи арақи бадан, бухори дегу дегчаҳо, пӯстлохи ба пӯсидан сар кардаи меваҳо ҳама якҷоя шуда дар ҳавои тафсони ноҷунбон нафаси касро танг мекард.
Дар қабати якум, ки аз дуконҳо, ошхонаҳо, идораи агентиҳои ҳавопаймоӣ иборат буд, савдо дар авҷ. Аз ҳар сӯ радиодинамикҳои серғавғо фарёд кашида, рӯйхати мусофирон ё омаду рафти тайёраҳоро эълон мекунанд.
Ҷомадонҳоро оварда доданд. Онҳоро Абдуллои Бухороӣ аз Макка оваронида монда будааст. Даруни ҷомадонҳоро дар ғайби мо такурӯ карда, чизеро кофтаанд. Банди коғазини қуттичаҳои дору канда ва аз нав ширеш карда шуда буд.
Чатри худро аз ҷомадон гирифта, ба кӯча баромадам. Дар кӯча ба ҳар ҳол мағал камтар, ҳавои тоза бисёртар буд.
Кай рафтанамон маълум нест. Дар ин аэропорт, аз афти кор, график ё ҷадвал гуфтанӣ чизе нест. Ҳар гоҳе ки ходимони ширкат хостанд, ҳамон вақт тайёра ҷудо мекунанд. Аз рӯзу соати сафар пурсед, амалдори идоратулҳаҷҷи Мадина барин, якта ҷавобро сад маротиба такрор кардан мегиранд:
– Сабур, сабур! Иншооллоҳ мешавад.
Ҳамсафарон аз ошёнаи савуми бинои тафсон ба рӯи ҳавлӣ фаромаданд. Аз ҷои соярав порчае заминро ишғол карда, бо навбат ба рӯи ҷомадонҳо мешинанд. Дигарон рост меистанд.
Дар як гӯшаи ҳавлӣ суфаи баланди сангин ҳаст. Ҳамсафарон аҳд кардаанд, ки оҳиста-оҳиста, ба қадри холӣ шудани ҷой ба тарафи суфа ҷунбида, онро ишғол намоянд.
Аз сару рӯи ҳама арақ мешорад. Ҳоҷиён ба боқимондаи риёлҳои худ оби зам-зам мехаранд. Оби зам-замро тунукасозони Маккаи мукаррама ба бонкаҳо андохта кафшер кардаанд. Ҳоло нархи зам-зам арзон шудааст. Рӯзҳои аввали тавофи каъба ду бонкачааш як риёл буд, акнун ба як риёл то шаш бонка медиҳанд.
Хӯрокро дар ошхона мехӯрем. Ҳар кас кӯшиш мекунад, ки ба гуруснагӣ нигоҳ накарда, сусттар даҳон ҷунбонад ва муддати хӯрокхӯриро ҳар чӣ бештар кашол диҳад, чунки дар ҳар ҷои зали ошхона ҳафт-ҳашт вентилятори бақувват мондаанд, ки шаклашон прожекторҳои калони театр ё киностудияро ба хотир мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё